Ҳар кас рӯзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат, ғусл кунад, сипас барои намози ҷумъа ба масҷид равад, монанди он аст, ки як шутур садақа карда бошад

Ҳар кас рӯзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат, ғусл кунад, сипас барои намози ҷумъа ба масҷид равад, монанди он аст, ки як шутур садақа карда бошад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас рӯзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат, ғусл кунад, сипас барои намози ҷумъа ба масҷид равад, монанди он аст, ки як шутур садақа карда бошад. Ҳар кас дар соати дувум барояд, монанди он аст, ки як гов садақа карда бошад; ҳар кас дар соати сеюм барояд, гӯё ки як қучқори шохдор садақа карда бошад; ҳар кас дар соати чаҳорум барояд, монанди он аст, ки як мурғ садақа карда бошад; ҳар кас дар соати панҷум барояд, гӯё як тухм садақа карда бошад. Чун имом (барои хутба) берун ояд, малоика барои шунидани зикри Аллоҳ ҳозир мешаванд."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҳадис фазилати барвақт рафтан ба намози ҷумъаро баён намудааст. Барвақт рафтан аз тулӯи офтоб то омадани имом ба минбар идома меёбад, ки он вақт ба панҷ соат тақсим мешавад. Ин соатҳо мувофиқи вақт байни тулӯи офтоб то омадани имом бар минбар тақсим мешавад: Аввал: Касе, ки рӯзи ҷумъа ғусли комил кард, мисли ғусли ҷанобат, сипас дар соати аввал (яъне барвақт, баъд аз тулӯи офтоб) ба масҷид барои намози ҷумъа рафт, мисли он аст, ки як шутурро садақа кардааст. Дувум: Касе, ки дар соати дуюм ба масҷиди ҷумъа рафт, мисли он аст, ки як говро садақа кардааст. Сеюм: Касе, ки дар соати сеюм рафт, мисли он аст, ки як қучқори шохдор садақа кардааст. Чаҳорум: Касе, ки дар соати чаҳорум рафт, мисли он аст, ки як мурғ садақа кардааст. Панҷум: Касе, ки дар соати панҷум рафт, мисли он аст, ки як тухм садақа кардааст. Вақте ки имом барои хутба бар минбар мебарояд, фариштагоне, ки дар дарвозаҳо нишастаанд ва номнависи касоне ҳастанд, ки аввал ба масҷид ворид мешаванд, аз навиштан боз меистанд ва барои шунидани зикри Аллоҳ ва хутба меоянд.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба ғусл кардан рӯзи ҷумъа ва он бояд пеш аз рафтан ба намоз анҷом дода шавад.

Фазилати барвақт рафтан ба намози ҷумъа, аз аввалин соатҳои рӯз.

Тарғиб ба ташаббус ва пешсафӣ дар корҳои савоб ва нек.

Ҳузури фариштагон дар намози ҷумъа ва гӯш додан ба хутба.

Фариштагон дар канори дарҳои масҷидҳо меистанд ва ҳар каси ба намози ҷумъа омадаро як-як ба тартиб менависанд.

Ибни Раҷаб мегӯяд: Ин сухани ӯ, ки мегӯяд: "Касе рӯзи ҷумъа ғусл кунад ва баъд ба намоз биравад", далолат бар ин мекунад, ки ғусли мустаҳаб барои намози ҷумъа, аввали вақти он аз бедории саҳар аст ва охираш то рафтан ба намози ҷумъа мебошад.

التصنيفات

Суннатҳо ва одоби ғусл, Намози ҷумъа