إعدادات العرض
Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва…
Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ
Аз Самура ибни Ҷундуб (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Русский Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە தமிழ் ไทย دری Fulfulde Magyar ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор сухан аст: Субҳоналлоҳ: яъне пок донистани Аллоҳ аз ҳамагуна нуқсон ва камбудӣ. Алҳамдулиллоҳ: яъне васфи Аллоҳ бо камоли том ва муҳаббату бузургдошти Ӯ. Ло илоҳа иллаллоҳ: яъне нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ. Аллоҳу акбар: яъне Аллоҳ бузургу гиромитар ва боиззаттар аз ҳама чиз аст. Фазилат ва касби савоби зикрҳои мазкур вобаста ба риоят дар ба тартиб гуфтани онҳо нест.فوائد الحديث
Осонӣ дар шариат, зеро боке вуҷуд надорад бо кадоме аз ин калимот оғоз мекунад.