إعدادات العرض
Дуои байни азон ва иқома рад намешавад
Дуои байни азон ва иқома рад намешавад
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дуои байни азон ва иқома рад намешавад".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska ಕನ್ನಡ አማርኛ Українська Македонски Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати дуо байни азон ва иқоматро баён намуданд, ки он рад карда намешавад ва сазовори иҷобат аст. Бинобар ин дар он вақт дуо кунед ва аз Аллоҳ Таъоло бихоҳед.فوائد الحديث
Фазилати ин вақт барои дуо.
Агар дуокунанда бо одобҳои дуо ороста бошад, дар маконҳо ва замонҳои беҳтар дуо кунад, аз нофармонӣ ба Худо дурӣ ҷӯяд, худро аз шубҳаҳо ва чизҳои гумроҳкунанда нигоҳ дорад ва нисбат ба Худо гумони нек дошта бошад, сазовори он аст, ки - бо хости Худо - дуояш пазируфта шавад.
Муновӣ дар бораи иҷобати дуо гуфтааст: Баъд аз ҷамъ овардани шартҳо, рукнҳо ва одобҳои дуо, агар чизе аз онҳоро амалӣ накард, ғайр аз худаш дигар касеро маломат накунад.
Иҷобати дуо чанд ҳолат дорад: ё зуд иҷобат мешавад, ё ба ҷойи он шарре аз ӯ дур карда мешавад, ё савоби он дар охират барояш захира карда мешавад. Ин ҳама тибқи ҳикмат ва раҳмати Худованд сурат мегирад.
التصنيفات
Сабабҳои иҷобати дуо ва монеаҳои он