إعدادات العرض
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне…
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд, Ҷабраил (алайҳис-салом) ҳар шаби моҳи Рамазон бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мулоқот мекард ва Қуръонро такрор мекарданд. Саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хайру хубиҳо аз боди вазанда дида бештар буд.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Português සිංහල Русский অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands پښتو دری Hausa नेपाली മലയാളം Кыргызча Română Svenska Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština ಕನ್ನಡ Українська Azərbaycan Kinyarwanda Wolof Malagasy ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Lietuvių Oromoo Deutsch Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахшандатарини мардумон буд. Бахшиданҳои ӯ дар моҳи Рамазон бештар мешуд, зеро он чизе, ки сазовори бахшидан буд, ба касе, медод, ки сазовори он бахшиш буд. Сабаб бештар шудани саховатмандиаш дар моҳи Рамазон ду чиз буд: Якум: Мулоқоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо Ҷабраил (алайҳис-салом). Дувум: Мулоҳиза ва такрори Қуръон бо Ҷабраил (алайҳис-салом), яъне хондани Қуръон аз ҳифз. Ҷабраил (алайҳис-салом) бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи он оятҳоеро, ки аз Қуръон нозил шуда буд, бо ӯ мехонд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар саховатмандӣ, бахшандагӣ, анҷоми корҳои нек ва манфиатрасонӣ ба мардум аз боди хубе, ки Худованд бо борону раҳмат мефиристод, бештар ва сареътар фоида мерасонд.فوائد الحديث
Баёни саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бахшандагии зиёди ӯ, бахусус дар моҳи Рамазон, ки моҳи ибодатҳо ва фасли савобу некӯкориҳост.
Ташвиқ ба саховат ва бахшиш дар ҳама вақтҳо, вале дар моҳи Рамазон афзоиш додани он мустаҳаб аст.
Зиёд кардани бахшишу саховат, некӯкорӣ ва тиловати Қуръон дар моҳи Рамазон.
Яке аз сабабҳои ҳифзи илм, омӯзиш ва такрору мудорасаи он бо шогирдону олимон аст.
