إعدادات العرض
Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз…
Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Русский Svenska ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or Čeština नेपाली Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Magyar ქართული Moore Українська Македонски Azərbaycan አማርኛ Shqip Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ தமிழ் msالشرح
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қудсӣ хабар додааст, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ҳар ки дӯсте аз дӯстони манро озор диҳад ва ӯро хашмгин кунад ё аз ӯ кина ба дил гирад, Ман бо ӯ эълони душманӣ кардаам. Валӣ: Муъмини солеҳ ва парҳезгор аст ва ҳар чи қадар банда аз имон ва тақво бархурдор бошад, ҳамон қадар аз вилояти Аллоҳ баҳраманд хоҳад шуд. Ва мусалмон бо чизе ба Парвардигораш наздик нашудааст, ки назди Парвардигор маҳбубтар аз анҷоми фарзҳояш ва тарки ҳаромҳояш бошад. Ва банда ҳамвора бо анҷом додани нафлҳо бо ҳамроҳии фарзҳояш ба Парвардигораш наздиктар мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст орад. Чун Аллоҳ ӯро дӯст бидорад, ӯро дар ин чаҳор узваш тавфиқи кори дуруст медиҳад: Дар шунавоияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мешунавад, ки Аллоҳ аз он розӣ аст. Ва дар биноияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мебинад, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва меписандад. Ва дар дасташ тавфиқ медиҳад, пас бо дастонаш танҳо кореро мекунад, ки сабаби розигии Аллоҳ аст. Ва дар пояш тавфиқ медиҳад, бинобар ин танҳо ҷое меравад, ки Аллоҳ розӣ аст, ва қадам намезанад, магар дар корҳои хайр. Ва бо ин ҳама, агар аз Аллоҳ чизе бихоҳад, барояш ато мекунад. Бинобар ин, мустаҷобуддуо мешавад. Ва агар ба Аллоҳ паноҳ бибарад, ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чи метарсад дар амон медорад. Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд: Дар чизе тараддуд накардам, магар дар гирифтани ҷони муъмин, аз рӯйи раҳмат ба ӯ, зеро муъмин маргро дӯст надорад ва Аллоҳ дарди муъминро намеписандад.فوائد الحديث
Ин ҳадисро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз Парвардигораш ривоят кардааст ва онро ҳадиси қудсӣ ё ҳадиси илоҳӣ меноманд. Ҳадисе аст, ки лафз ва маънояш аз сӯи Аллоҳ аст, вале хусусияти Қуръонро надорад ва хондани лафзаш монанди Қуръон ибодат нест ва барои хонданаш вузӯ гирифтан лозим нест. Ва монанди Қуръон дигаронро барои монанди он овардан ба чолиш нахондааст ва муъҷиза нест ва ғайра.
Наҳйи аз озор расондан ба дӯстони Аллоҳ ва ташвиқ ба муҳаббати онон ва эътироф ба фазилаташон.
Амр ба душманӣ бо душманони Аллоҳ ва таҳрими дӯстӣ бо онон.
Касе даъвои дӯстӣ ва вилояти Аллоҳро кунад, аммо аз шариати Ӯ пайравӣ накунад, иддиояш дурӯғ аст.
Вилояти илоҳӣ ва дӯстии Ӯ бо анҷом додани воҷибот ва тарки ҳаромҳояш ба даст меояд.
Яке аз сабабҳои муҳаббати Аллоҳ ба бандааш ва иҷобати дуои ӯ, анҷом додани нафлҳо баъд аз ба ҷо овардани фарзҳо ва тарки ҳаромҳо аст.
Ин ҳадис нишондиҳандаи шаъну шараф ва бартарии авлиёи Аллоҳ ва баландии мартабаи онон аст.
التصنيفات
Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо