إعدادات العرض
Бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ ваҳй нозил шуд
Бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ ваҳй нозил шуд
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ ваҳй нозил шуд, сездаҳ сол дар Макка монданд, сипас амр ба ҳиҷрат шуд ва ба Мадина ҳиҷрат фармуд ва ба муддати даҳ сол онҷо истиқомат намуда дар онҷо вафот намуданд.
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Kurdî Moore Soomaali Wolof Français Azərbaycan Oromoo Tagalog Українська தமிழ் Deutsch bm ქართული Português mk Magyarالشرح
Ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) хабар медиҳад, ки: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ мабъус ба паёмбарӣ ва барои бори нахуст ба ӯ ваҳй нозил шуд, пас аз нузули ваҳй сездаҳ соли умри мубораки ӯ дар Макка сипарӣ шуд, сипас аз ҷониби Аллоҳ дастур шуд то ба Мадина ҳиҷрат фармояд, ки даҳ соли дигар аз умри муборакашон онҷо гузашт ва дар синни шастусесолагӣ дар Мадина вафот намуданд.فوائد الحديث
Таваҷҷуҳ ва эҳтимоми саҳоба ба зиндагиномаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)