إعدادات العرض
Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати…
Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед
Аз Ирбоз ибни Сория (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни мо бархост ва ба мо мавъизае кард, ки дилҳоямонро ба ларза овард ва чашмонамонро ашколуд сохт. Пас гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ! моро мавъизае гуфтӣ мисли мавъизаи видоъкунанда буд, пас моро тавсияе бикун. Фармуданд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед, инро бо дандонҳои курсиятон бигиред ва аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар чизи навпайдо (дар дин) гумроҳӣ аст".
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá اردو Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Română Kinyarwanda বাংলা తెలుగు Bosanski Kurdî Lietuvių മലയാളം Nederlands Soomaali Shqip Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore Português ქართული Azərbaycan 中文 Magyar فارسی Tagalog தமிழ் Македонски Русский አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe O‘zbek ភាសាខ្មែរ Français Español msالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоби худ мавъизаи балиғе карданд, ки дилҳоро ба тарсу ҳарос ва ашкро ба чашмонашон овард. Пас чун муболиға ва умқи мавъизаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро диданд, гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гӯё ин хутбаи видоъ аст, пас аз ӯ васияте хостанд, ки баъд аз ишон ба он пойбанд бошанд. Фармуданд: Шуморо тавсия медиҳам, ки аз Аллоҳ Таъоло бо анҷом додани фарзҳояш ва тарк кардани муҳаррамоташ битарсед. Шунидан ва итоат кардан, яъне ба ҳокимон, ҳатто агар бардае ба иморати шумо ё ба вилояти шумо расид, яъне, камтарин мардум ҳокими шумо шуд аз ӯ итоат кунед ва аз тарси барангехтани фитна аз итоати ӯ сар натобед, зеро ҳар ки аз шумо зинда бимонад ихтилофи зиёдеро хоҳад дид. Сипас роҳи раҳоӣ аз ин ихтилофро ба онҳо фаҳмонд, ки он ҳам тамассук ба суннати худ ва суннати халифаҳои ҳидоятёфтааш баъд аз ӯ, монанди Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз онҳо розӣ бод) ва гирифтани он бо дандонҳо аст. Ва мақсад аз ин мисол ҷиддият дар риояи суннат ва пойбандӣ ба он аст. Ононро аз корҳои навпайдо ва тозасохта дар дин ҳушдор дод, зеро ҳар бидъат гумроҳӣ аст.فوائد الحديث
Аҳамияти пойбандӣ ба Суннат ва пайравӣ аз он.
Таваҷҷуҳ ба мавъиза ва нарм кардани дилҳо (бо мавъиза).
Фармони пайравӣ аз чаҳор халифаи рошиди ҳидоятёфта баъд аз ӯ, яъне Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ, (Худованд аз онҳо розӣ бод).
Наҳйи аз бидъаткорӣ дар дин ва ин ки ҳар бидъат гумроҳӣ аст.
Шунидан ва итоат кардани ҳар касе, ки сардории мусалмононро бар уҳда гирифтааст, дар ғайри гуноҳ.
Аҳамияти тақвои Аллоҳ Таъоло дар ҳама ҳолатҳо ва замонҳо.
Ихтилоф дар ин уммат рӯй медиҳад ва ҳангоми рӯй додани ихтилоф, баргаштан ба суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва суннати халифаҳои рошидин лозим аст.