Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт

Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт.

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақти нишастан байни ду саҷда ин дуоро "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт ва онро такрор мекард. Ва маънои ин дуо дархости банда аз Парвардигораш аст, ки гуноҳонашро маҳв намояд ва айбҳояшро бипӯшонад.

فوائد الحديث

Ин дуоро дар байни ду саҷда дар намози фарз ва нафл гуфтан машруъ ва ҷоиз аст.

Як бор гуфтани ин дуо (Раббӣ иғфир лӣ) воҷиб ва такрор карданаш мустаҳаб аст.

التصنيفات

Равиш ва сифати намоз