إعدادات العرض
Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест
Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест."
[Саҳеҳ] [رواه الترمذي]
الترجمة
العربية অসমীয়া Indonesia Kiswahili Tagalog Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands සිංහල پښتو Hausa മലയാളം नेपाली Кыргызча English Svenska Română Kurdî Bosanski فارسی తెలుగు اردو ქართული Moore Српски Magyar Português Македонски Čeština Русский Українська हिन्दी አማርኛ Malagasy Kinyarwanda Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Türkçe বাংলা ភាសាខ្មែរ Lietuvių ಕನ್ನಡ Oromoo Deutsch Azərbaycan Shqip 中文 தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки шахси дорои имони комил чунин нест, ки мардумро дар насабашон айбҷӯӣ кунад, ё зиёд дашномдиҳанда ва лаънаткунанда бошад ва на фоҳишу беҳаё дар гуфтору кирдор бошад.فوائد الحديث
Нафйи имон дар матнҳои шаръӣ танҳо барои анҷоми кори ҳаром ё тарки кори воҷиб мебошад.
Ташвиқ ба ҳифзи аъзои бадан, бахусус забон аз корҳои бад ва зишт.
Синдӣ мегӯяд: Дар вожаҳое чун "الطعّان" ва "اللعّان" (бисёр бадгӯкунанда ва лаънатгар) шеваи муболиға омадааст, ки нишон медиҳад агар гоҳо инсон ба касе, ки сазовори он аст, озоре расонад ё лаънат кунад ва ин корҳо кам анҷом шаванд, ба имони ӯ зиён намерасонанд ва ӯро аз сифатҳои аҳли имон хориҷ намекунанд.
