إعدادات العرض
Ҳар яке аз шумо ҳатман Парвардигораш бо ӯ сухан мегӯяд, — бе ягон тарҷумоне байни ӯ ва Худованд
Ҳар яке аз шумо ҳатман Парвардигораш бо ӯ сухан мегӯяд, — бе ягон тарҷумоне байни ӯ ва Худованд
Аз Адий ибни Ҳотим (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар яке аз шумо ҳатман Парвардигораш бо ӯ сухан мегӯяд, — бе ягон тарҷумоне байни ӯ ва Худованд. Ба тарафи рост нигоҳ мекунад, чизе ҷуз аъмоле, ки анҷом додааст, намебинад; ба тарафи чап нигоҳ мекунад, боз ҳам чизе ҷуз амалҳояш намебинад; ба пеши рӯяш менигарад, дар рӯ барӯяш танҳо дӯзахро мебинад. Пас, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед, ҳарчанд бо нисфи донаи хурмое бошад (бо садақа кардан)."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog Tiếng Việt Kurdî Português සිංහල Русский অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી Nederlands پښتو Hausa नेपाली മലയാളം Кыргызча Română Svenska Shqip Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština ಕನ್ನಡ Українська Wolof Kinyarwanda Malagasy Azərbaycan ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Deutsch ភាសាខ្មែរ Lietuvių Oromoo தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар як шахс дар рӯзи қиёмат танҳо, бе ягон восита, дар назди Худованд қарор мегирад ва Парвардигор бевосита бо ӯ сухан мегӯяд, бе тарҷумон. Аз шиддати тарс ва нигаронӣ, ба тарафи рост ва чап менигарад, шояд роҳе пайдо кунад, ки худро аз оташи дар рӯ ба рӯяш истода наҷот диҳад. Чун ба тарафи рост нигоҳ мекунад, чизе ҷуз аъмоли некӣ пешфиристодааш намебинад; ба тарафи чап менигарад, ҷуз аъмоли бади худ чизе намебинад. Чун ба пеш менигарад, ҷуз дӯзах чизеро намебинад. Чорае барои гурез надорад, зеро маҷбур аст аз болои сирот гузарад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯяд: Байни худ ва оташи дӯзах сипаре ва муҳофизе ба воситаи садақа ва амалҳои нек қарор диҳед, ҳатто агар ин садақа нисфи донаи хурмо бошад.فوائد الحديث
Тарғиб ба садақа кардан, ҳатто агар андаке ҳам бошад; ва ташвиқ ба ороста шудан бо ахлоқи нек, муомилаи нарму хуб бо мардум.
Наздик будани Худои Таъоло ба бандааш дар рӯзи қиёмат, ки байни онҳо на пардае хоҳад буд, на восита ва на тарҷумоне. Бинобар ин, муъмин бояд аз нофармонӣ ба Парвардигораш барҳазар бошад.
Инсон набояд садақаи андаке, ки медиҳад, кам шуморад, ҳатто агар ночиз ҳам бошад, зеро он метавонад сипаре аз оташи ҷаҳаннам гардад.
