إعدادات العرض
Вой бар пошнаҳо (пушти пойҳо) аз оташ! Вузӯро комил анҷом диҳед!
Вой бар пошнаҳо (пушти пойҳо) аз оташ! Вузӯро комил анҷом диҳед!
Аз Абдуллоҳ ибн Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Макка ба сӯи Мадина баргаштем. То ин ки дар роҳ ба обе расидем. Вақти намози аср буд, гурӯҳе аз мардум шитоб карданд ва бо шитоб вузӯ гирифтанд. Ҳангоме ки ба назди онҳо расидем, дидем, ки пошнаҳои пойҳояшон хушк мондаанд ва ба онҳо об нарасидааст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Вой бар пошнаҳо (пушти пойҳо) аз оташ! Вузӯро комил анҷом диҳед!"
الترجمة
العربية অসমীয়া ગુજરાતી हिन्दी Indonesia Kiswahili Tagalog اردو Tiếng Việt دری Hausa Nederlands नेपाली සිංහල پښتو Svenska മലയാളം English Кыргызча Română తెలుగు Lietuvių ಕನ್ನಡ Српски Bosanski Kurdî Yorùbá فارسی ქართული Moore Kinyarwanda Português Magyar Македонски Azərbaycan Čeština Українська Русский Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย বাংলা मराठी ਪੰਜਾਬੀ Deutsch Türkçe ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் 中文 မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи саҳобагон аз Макка ба Мадина сафар кард. Дар роҳ ба ҷои обе расиданд. Баъзе аз саҳобаҳо барои намози аср бо шитоб вузӯ гирифтанд, то ҷое, ки қафои пойҳояшон хушк монда буд ва об нарасида буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Азоби оташ барои онҳое аст, ки қафои пойҳояшонро дар вузӯ хуб намешӯянд." Ва фармуданд, ки вузӯро бо диққат ва комилу пурра анҷом диҳанд.فوائد الحديث
Шустани пойҳо дар вузӯ воҷиб аст, агар масҳ кашидан кифоят мебуд, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касонеро, ки пушти пойҳояшонро нашустанд, ба оташи дӯзах таҳдид намекард.
Шустани комили аъзое, ки дар вузӯ бояд шуста шаванд, воҷиб аст. Агар касе қасдан ё бо саҳлангорӣ як қисми хурди узви воҷиби вузӯро нашӯяд, намозаш дуруст нест.
Аҳамияти таълим додани касе, ки намедонад ва роҳнамоии ӯ.
Олими дин вақте зоеъ шудани фароиз ва суннатҳоеро мебинад, бояд бо шеваи муносиб инкор ва ислоҳ намояд.
Муҳаммад Исҳоқи Деҳлавӣ мегӯяд: Исбоғ (яъне пурра шустан дар таҳорат) се навъ аст: Фарз - фаро гирифтани шустан тамоми ҷои фармудашуда бо об як бор. Суннат - се маротиба шустани узв. Мустаҳаб - камоли шустан бо се маротиба сурат мегирад.
التصنيفات
Сифати таҳорат