إعدادات العرض
Мунодӣ нидо мекунад: шумо ҳақ доред, ки шифо ёбед ва ҳаргиз бемор нашавед, ҳақ доред, ки ҳаёт дошта бошед ва ҳаргиз намиред, ҳақ доред, ки ҳамеша ҷавон бимонед ва…
Мунодӣ нидо мекунад: шумо ҳақ доред, ки шифо ёбед ва ҳаргиз бемор нашавед, ҳақ доред, ки ҳаёт дошта бошед ва ҳаргиз намиред, ҳақ доред, ки ҳамеша ҷавон бимонед ва ҳаргиз пир нашавед, ҳақ доред, ки ҳамеша дар неъмат ва осоиш бошед ва ҳаргиз ғамгину ноумед нашавед
Аз Абусаъиди Худрӣ ва Абуҳурайра (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мунодӣ нидо мекунад: шумо ҳақ доред, ки шифо ёбед ва ҳаргиз бемор нашавед, ҳақ доред, ки ҳаёт дошта бошед ва ҳаргиз намиред, ҳақ доред, ки ҳамеша ҷавон бимонед ва ҳаргиз пир нашавед, ҳақ доред, ки ҳамеша дар неъмат ва осоиш бошед ва ҳаргиз ғамгину ноумед нашавед". Он ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст, ки мегӯяд: ([Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст») (Сураи Аъроф, ояти 43).
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch ქართული नेपाली Magyar Moore తెలుగు Svenska Кыргызча ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo Македонски ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки мунодие аҳли биҳиштро, ки дар ҳоли нозу неъмати биҳишт ҳастанд нидо мекунад ва мегӯяд: Ҳамеша дар биҳишт сиҳат саломат хоҳед монд ва ҳаргиз дар инҷо бемор намешавед, ҳатто андаке ҳам. Зинда хоҳед буд ва ҳаргиз намемиред, ҳатто агар он мурдан марги кучаке ҳам бошад (яъне, хоб). Ҷавон хоҳед монд ва ҳаргиз дар биҳишт пир намешавед. Ҳақ доред, ки дар нушу неъмат бошед ва ҳаргиз ғамгину нороҳат нашавед. Он ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст, ки мегӯяд: ([Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст») (Сураи Аъроф, ояти 43).فوائد الحديث
Бузургтарин монеаҳо барои хушбахтии зиндагии дунё, ҳарчанд соҳибаш то чи дараҷа фароғат дошта бошад, ин чаҳор чиз аст: беморӣ, марг, пирӣ ва ғаму андӯҳ ( аз тарси душман, камбағалӣ, ҷанг ва ғайра сар мезанад). Аммо аҳли ҷаннат аз бадии ин чизҳо дар амонанд ва хушбахтии комили ҷаннатро доранд.
Фарқият дар лаззати ҷаннат ва лаззати дунё дар он аст, ки дар ҷаннат тарсу ҳарос нест, вале лаззати дунё доимӣ нест ва бо дарду бемориҳо ҳамроҳ аст.
Ташвиқ ба анҷом додани корҳои нек, ки ба неъматҳои биҳишт бирасанд.
التصنيفات
Сифатҳои биҳишт ва дӯзах