إعدادات العرض
Обе, ки ба андозаи ду "қулла" (зарфи калон) бошад, наҷосатро дар бар намегирад
Обе, ки ба андозаи ду "қулла" (зарфи калон) бошад, наҷосатро дар бар намегирад
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи обе, ки чаҳорпоён ва дарандагон аз он менӯшанд (ва эҳтимол онро ифлос кунанд), пурсида шуд. Паёмбар Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Обе, ки ба андозаи ду "қулла" (зарфи калон) бошад, наҷосатро дар бар намегирад."
[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Português Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch ქართული नेपाली Magyar Moore తెలుగు Svenska Кыргызча ಕನ್ನಡ አማርኛ Українська Kinyarwanda Oromoo Македонски ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ҳукми вузӯ гирифтан аз обе, ки ҳайвонҳо ва ваҳшиҳо барои нӯшидан меоянд, пурсида шуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: агар ҳаҷми об ба андозаи ду зарфи калон (баробар ба 210 литр) расад, он оби зиёд аст ва наҷис намешавад, магар ин ки яке аз се хусусияти он: ранг, бӯй ё маззаи он бо олудагӣ тағйир ёбад.فوائد الحديث
Об агар яке аз се хосияташ: ранг, бӯй ё маззаи он ба сабаби олудагӣ тағйир ёбад, нопок мешавад. Ҳадис бештар ба маънои умумӣ ва ҳолати маъмул баён шудааст, на ба таври маҳдуду мушаххас.
Олимон иттифоқи назар доранд, ки ҳар гоҳ об бо олудагӣ тағйир ёбад, новобаста аз зиёд ё кам буданаш, комилан нопок мешавад.
التصنيفات
Аҳкоми обҳо