إعدادات العرض
Ҳеҷ марде набояд марди дигареро ба фисқ (гуноҳи бузург) айбдор кунад, ва набояд ӯро ба куфр нисбат диҳад, зеро агар он шахс чунин набошад, ин айб ба худи гӯянда…
Ҳеҷ марде набояд марди дигареро ба фисқ (гуноҳи бузург) айбдор кунад, ва набояд ӯро ба куфр нисбат диҳад, зеро агар он шахс чунин набошад, ин айб ба худи гӯянда бармегардад
Аз Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мегӯяд: "Ҳеҷ марде набояд марди дигареро ба фисқ (гуноҳи бузург) айбдор кунад, ва набояд ӯро ба куфр нисбат диҳад, зеро агар он шахс чунин набошад, ин айб ба худи гӯянда бармегардад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Kiswahili پښتو മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Српски Malagasy Kinyarwanda Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Lietuvių Deutschالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳушдор додааст, ки касе ба дигаре гӯяд: ту фосиқӣ, ё ту кофирӣ, агар он шахс он гуна набошад, худи гӯянда ба ин сифати гуфтааш сазовор мегардад ва гуфтаи ӯ ба худаш бармегардад. Аммо агар он шахс чунон бошад, ки гуфта шудааст, чизе ба гӯянда барнамегардад, зеро ӯ дар гуфтораш ростгӯ будааст.فوائد الحديث
Ҳаром будани айбдор кардани мардум ба куфр ё фисқ бе далели шаръии ошкор.
Воҷиб будани эҳтиёт ва санҷиши дақиқ ҳангоми содир кардани ҳукмҳо дар бораи аҳволи мардум.
Ибни Дақиқи Ид гуфтааст: Ин ваъиди бузургест барои он касе, ки як мусалмонро ба куфр нисбат медиҳад, дар ҳоле ки ӯ чунин нест. Ва ин вартаи (хатару офати) бузургест.
Ибн Ҳаҷари Асқалонӣ гуфтааст: Аммо аз ин ки шахс бо ин сухан (бо гузоштани айби фисқ ё куфр бар дигаре) фосиқ ё кофир намегардад, лозим намеояд, ки гӯянда дар ҳолате ки ба ӯ мегӯяд: “Ту фосиқӣ”, гунаҳкор набошад. Ва дар ин ҳолат тафсил ҳаст: Агар мақсади ӯ насиҳат кардани он шахс ё насиҳат кардан ба дигарон бо баён кардани ҳолати воқеии ӯ бошад, ҷоиз аст. Аммо агар мақсади ӯ расво кардан, бадном кардан ва танҳо озор расонидан бошад, ҷоиз нест. Зеро ӯ вазифадор аст, ки гуноҳи ӯро пӯшонад, ӯро биомӯзонад ва бо сухани нек мавъиза намояд. Пас агар ин кор бо нармӣ анҷом гирад, анҷом додани он бо хушунат ҷоиз нест, зеро чунин рафтор метавонад сабаби исрор варзидан ва саркашии ӯ гардад. Чунон ки табиати бисёре аз мардум чунин аст, махсусан вақте ки амрдиҳанда аз амршаванда мақоми поёнтар дорад.
