إعدادات العرض
Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд,…
Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаанд ва аз роҳи дуруст мунҳариф шудаанд ва дигаронро низ ба инҳироф ва фитна мекашонанд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаанд ва аз роҳи дуруст мунҳариф шудаанд ва дигаронро низ ба инҳироф ва фитна мекашонанд. Сарҳояшонро монанди кӯҳони шутур баромада месозанд. Инҳо вориди биҳишт намешаванд ва бӯйи биҳишт ба машомашон намерасад, ҳоло он ки бӯйи биҳишт аз чунин ва чунон масофа эҳсос мешавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or Čeština नेपाली Română Nederlands Soomaali తెలుగు Српски മലയാളം Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Magyar ქართული Moore Українська Македонски Azərbaycan Malagasy Shqip Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ду тоифа, ки аз аҳли дӯзах ҳастанд, ҳушдор медиҳад, ки ононро надидааст ва дар замони ӯ вуҷуд надоштанд, балки баъд аз ӯ пайдо хоҳанд шуд: Тоифаи аввал: Мардуме, ки тозиёнаи дароз доранд, ба монанди думи гов ва ба он мардумро мезананд. Ва онон маъмурон ва ёрони ҳокими ситамгар ҳастанд, ки мардумро ба ноҳақ мезананд. Тоифаи дуввум: Заноне, ки либоси иффат ва ҳаёро, ки фитратан бо он ороста ҳастанд, аз худ канор гузоштаанд. Онҳоро чунин васф кардааст: Дар ҳақиқат либос пӯшидаанд, аммо дар маъно урён ҳастанд. Зеро онон либосе мепӯшанд, ки тунук ва нозук аст ва баданро намоён мекунад ва зебоии ононро ба намоиш мегузорад, як қисми аз баданро мепӯшонад, вале қисми дигараш урён аст. Бо ин либосҳо ва роҳ рафтан бо нозу карашма ва моил кардани китфҳояшон дилҳои мардонро ба сӯи худ моил мекунанд. Худи онҳо моил ва мунҳариф ҳастанд, дигаронро низ ба сӯи инҳироф мекашонанд. Ва аз хислатҳои онон ин аст, ки сарҳояшон монанди кӯҳони каҷи шутурон аст. Зеро онҳо бо бастани чизе дар атрофи сарҳои худ, онро бузургтар аз он чи ки ҳаст, нишон медиҳанд. Ва ташбеҳи онон ба кӯҳони шутур ба сабаби ҷамъ кардани мӯйҳо бар як гӯшаи сарашон аст, ба тавре ки монанди кӯҳони шутур каҷ бошад. Пас дар бораи заноне, ки ин сифатҳоро доранд, ваъдаи азоби шадид омадааст, ки он ворид нашудан ба биҳишт ва эҳсос накардани бӯйи биҳишт аст. Дар ҳоле ки бӯйи биҳишт аз масофаи дур ба машом мерасад.فوائد الحديث
Задан ва зарар расондан ба мардуме, ки гуноҳ надоранд ва муртакиби хатое нашудаанд, ҳаром аст.
Ба золимон дар зулму ситамашон мадад расондан ҳаром аст.
Ҳушдор ба занон дар бораи беҳиҷобӣ ва намоиш худ ва либоси танг ё шаффоф пӯшидан, ки ҷисм ва шармгоҳашро ба намоиш мегузорад.
Ташвиқи занони мусалмон ба пойбандӣ ба амрҳои илоҳӣ ва дурӣ аз он чи сабаби хашму ғазаби Аллоҳ мегардад ва ӯро сазовори азоби ҷовидонӣ дар охират мекунад.
Ин ҳадис яке аз далелҳои нубуввати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Чунон ки он Ҳазрат аз корҳои ғайбӣ, ки рух надода буд, хабар доданд ва он ҳамон тавре ки гуфта буд, рух дод.
التصنيفات
Сифатҳои биҳишт ва дӯзах