إعدادات العرض
Ҳар кас ба амонат савганд ёд кунад, аз мо нест
Ҳар кас ба амонат савганд ёд кунад, аз мо нест
Аз Бурайда (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас ба амонат савганд ёд кунад, аз мо нест."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português Nederlands Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Kiswahili پښتو മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Русский Svenska Moore Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Српски Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Lietuvių Deutschالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз савганд ёд кардан ба амонат наҳй кардаанд ва ҳушдор додаанд, ки ҳар кас чунин кунад, аз мо нест (яъне, бар суннат ва роҳи рост нест).فوائد الحديث
Ҳаром будани савганд ба ғайри Худои Таъоло, аз ҷумла ба амонат савганд ёд кардан, ки он аз ширки асғар (хурд) маҳсуб мешавад.
Амонат шомили тоат, ибодат, амонатгузорӣ, пул ва ҳар чизи амонатдорӣ мебошад.
Савганд танҳо ба Аллоҳ Таъоло, ё бо номе аз номҳо ё сифате аз сифатҳои Ӯ дуруст аст.
Хаттобӣ гуфтааст: Ин манъ кардан монанд ба он аст, ки нафрат (кароҳат) барои он бошад, ки Худо фармудааст, ки бо номи Ӯ ё бо сифоташ савганд ёд кунанд, дар ҳоле ки “амонат” аз сифатҳои Аллоҳ нест, балки амрест аз амрҳои Ӯ ва фаризаест аз фаризаҳои Ӯ. Бинобар ин аз он манъ карда шуданд, зеро савганд ба амонат баробар донистани он бо номҳо ва сифатҳои Аллоҳ Азза ва Ҷалла мебошад.
التصنيفات
Ширк