Саҳобагони манро дашном надиҳед, зеро агар яке аз шумо мисли кӯҳи Уҳуд тилло нафақа кунад, ба миқдори як кафи дасти яке аз онҳо ва ҳатто нисфи он намерасад

Саҳобагони манро дашном надиҳед, зеро агар яке аз шумо мисли кӯҳи Уҳуд тилло нафақа кунад, ба миқдори як кафи дасти яке аз онҳо ва ҳатто нисфи он намерасад

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Саҳобагони манро дашном надиҳед, зеро агар яке аз шумо мисли кӯҳи Уҳуд тилло нафақа кунад, ба миқдори як кафи дасти яке аз онҳо ва ҳатто нисфи он намерасад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дашном додани саҳобаҳо, хусусан муҳоҷирон ва ансоре, ки аввалин шуда Исломро қабул карданд, наҳй карданд. Он Ҳазрат хабар доданд, ки агар шахсе ба қадри кӯҳи Уҳуд тилло садақа диҳад, аҷраш ба қадри як каф хӯрок ё нисфи он ки яке аз саҳобаҳо дар роҳи Худо додаанд, намерасад. Зеро саҳобаҳо бо ихлоси комил, нияти ростин ва ҷангидани онон пеш аз фатҳи Макка, яъне дар вақти сахтӣ ва эҳтиёҷ, ҷон ва моли худро дар роҳи Ислом фидо карданд.

فوائد الحديث

Дашном додани саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) ҳаром аст ва аз гуноҳони бузург ба шумор меравад.

التصنيفات

Эътиқод дар бораи саҳоба (Худованд аз онҳо розӣ бод)