إعدادات العرض
Ҳасан ва Ҳусен ду сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд
Ҳасан ва Ҳусен ду сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳасан ва Ҳусен ду сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский 中文 हिन्दी اردو Hausa Kurdî Português Nederlands Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Kiswahili پښتو සිංහල Tagalog മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română ไทย Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Türkçe አማርኛ বাংলা Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Српски Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки ду наберааш, Ҳасан ва Ҳусайн, писарони Алӣ ибни Абутолиб ва Фотима, духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сарварони ҳамаи ҷавононе мебошанд, ки дар ҳолати ҷавонӣ вафот карда, ба биҳишт дохил мешаванд. Ё ин ки онҳо сарварони ҷавонони аҳли биҳиштанд, ба истиснои паёмбарон ва халифаҳои рошидин.فوائد الحديث
Дар ин ҳадис фазилати ошкор барои Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо) баён шудааст.
Дар маънои ҳадис чунин гуфта шудааст: Онҳо дар замони баёни ин ҳадис сарварони ҷавононе буданд, ки аз аҳли биҳишти ҳамон давра маҳсуб мешуданд. Ё ин ки онҳо аз касоне беҳтаранд, ки фазилати умумӣ (мисли паёмбарон ва халифаҳои рошидин) дар бораи онҳо собит нашудааст, ё ин ки онҳо сарварони касоне ҳастанд, ки ба сифати ҷавонӣ ва ҷавонмардӣ, мисли мардонагӣ, каромат ва шуҷоат, муттасифанд. Дар ҳадис мақсад аз синни ҷавонӣ ба маънои солҳо нест, зеро Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо) дар ҳолати миёнсолӣ вафот кардаанд.
التصنيفات
Фазилати аҳли байт