Эй Аббос, эй амаки Расули Аллоҳ, аз Худованд офиятро дар дунё ва охират бихоҳ

Эй Аббос, эй амаки Расули Аллоҳ, аз Худованд офиятро дар дунё ва охират бихоҳ

Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Худо, маро чизе биёмӯз, ки онро аз Аллоҳ Азза ва Ҷалла бихоҳам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Аз Худованд офият (саломатӣ ва осоиштагӣ)-ро бихоҳ." Баъд аз чанд рӯз боз омадам ва гуфтам: Эй Расули Худо, чизе ба ман биёмӯз, ки аз Худованд талаб кунам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман фармуд: "Эй Аббос, эй амаки Расули Аллоҳ, аз Худованд офиятро дар дунё ва охират бихоҳ."

[Саҳеҳ лиғайриҳи] [رواه الترمذي وأحمد]

الشرح

Амаки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дархост кард, ки дуоеро ба ӯ биомӯзад, то онро аз Худо талаб кунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ омӯхт, ки аз Худо офият ва саломатӣ аз балоҳо ва офатҳо дар дунё ва охират бихоҳад. Аббос мегӯяд: Баъд аз чанд рӯз боз назди ӯ омадам ва боз дуое хостам, то аз Худо бихоҳам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо меҳрубонӣ ба ӯ фармуд: Эй Аббос, эй амаки Расули Худо, аз Худо офият бихоҳ. Яъне, наҷот аз ҳар бадӣ ва дарёфти ҳар хайру неъмат дар дунё ва охират.

فوائد الحديث

Такрор кардани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Аббос (разияллоҳу анҳу) ҳамон ҷавоби аввалиро дар дафъаи дуюм нишон медиҳад, ки офият беҳтарин чизест, ки банда метавонад аз Парвардигораш талаб кунад.

Баёни фазилати офият ва ин ки он ҳама хубиҳои дунё ва охиратро дарбар мегирад.

Таваҷҷуҳи саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) бар афзудани илм ва корҳои нек.

التصنيفات

Дуоҳои маъсур (ривоятшуда)