Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин

Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин

Аз Суҳайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин. Агар хушие ба ӯ расад, шукр мегӯяд ва барои ӯ хайр аст. Ва агар зиёне ба ӯ расад, сабр мекунад ва барои ӯ хайр мешавад."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз кори муъмин изҳори таъаҷҷуб мекунад ва ин таъаҷҷуб аз рӯи нек донистани ин амр аст. Зеро вазъияти муъмин ҳамеша хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин. Агар барои ӯ некие рӯй диҳад, Аллоҳро шукр мегӯяд, дар натиҷа подоши шукрро ба даст меорад. Ва агар нохушӣ ва мусибате ба ӯ расад, сабр кунад ва аз Аллоҳ интизории подош дошта бошад, аҷру подоши сабрро ба даст меорад. Пас дар ҳама ҳолат дар ҳоли касби аҷру подош аст.

فوائد الحديث

Фазилати шукр кардан бар хушиҳо ва сабр кардан бар мусибатҳо. Ҳар ки чунин кунад, хайри ҳарду ҷаҳонро ба даст овардааст. Ва ҳар ки бар неъмат шукр нагӯяд ва бар мусибат сабр накунад, ин аҷру подошро аз даст медиҳад ва гунаҳкор мешавад.

Фазилати имон ва ин ки подош дар ҳама ҳолат танҳо барои аҳли имон ҳосил мешавад.

Шукр дар ҳолати хушиҳо ва сабр дар ҳолати мусибатҳо, аз хислатҳои муъминон аст.

Имон ба қазо ва қадар боис мешавад, ки муъмин дар ҳама ҳолатҳо хушнуд бошад, бар хилофи ғайри муъмин, ки ҳамеша дар ҳоли зиён дидан ва ба мусибат гирифтор шудан норозӣ аст. Ва агар неъмате аз Аллоҳ Таъоло ба ӯ бирасад, он неъмат ӯро аз анҷоми тоати Парвардигор машғул медорад ва чи басо ҳамонро дар роҳи маъсияти Аллоҳ сарф кунад.

التصنيفات

Тазкияи нафс