إعدادات العرض
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ аз ҷанобат ғусл мекард, дастонашро мешуст, сипас таҳорати мисли таҳорати намозро анҷом медод, сипас ғусл мекард
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ аз ҷанобат ғусл мекард, дастонашро мешуст, сипас таҳорати мисли таҳорати намозро анҷом медод, сипас ғусл мекард
Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ аз ҷанобат ғусл мекард, дастонашро мешуст, сипас таҳорати мисли таҳорати намозро анҷом медод, сипас ғусл мекард. (Ба ин шакл, ки) бо дастонаш муяшро тахлил мекард, то ба ҳамаи мӯйҳо об расад ва вақте ки медонист об ба пусти сар расидааст, онгоҳ бар сари худ се бор об мерехт. Сипас боқимондаи баданашро мешуст. Модари муъминон мефармояд: Ман ва Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз як зарф ғусл мекардем ва ҳарду аз он об мегирифтем.
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Português Kurdî Kiswahili සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Hausa پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip ქართული Azərbaycan Magyar বাংলা தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo Tagalog ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ аз ҷанобат ғусл кардан мехост, бо шустани дастонаш шуруъ мекард. Сипас мисли таҳорати намоз таҳорат мекард, баъд аз он обро бар бадани худ мерехт, сипас муйҳои худро бо дастонаш тахлил мекард, то он ки бар гумонаш ғолиб мешуд, ки об бар решаҳои муйҳо ва пусти сар расидааст, сипас се бор бар сараш об мерехт ва боқии баданашонро мешуст. Оиша (разияллоҳу анҳо) мегӯяд: Ман ва Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз як зарф ғусл мекардем ва ҳарду аз он об мегирифтем.فوائد الحديث
Ғусл ду навъ аст: Ғусли кифояткунанда (ҳадди ақал) ва ғусли комил. Аммо ғусли кифояткунанда он аст, ки инсон нияти таҳорат кунад ва сипас ба ҳамаи баданаш об бирасонад ва даҳону биниро ҳам об андохта бишӯяд. Аммо ғусли комил чунон аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҳадис анҷом доданд.
Ҳар кас, ки аз ӯ оби манӣ барояд, ё ҳамхоба шавад - ҳатто агар аз ӯ манӣ хориҷ нашавад - ҷунуб аст.
Нигоҳ кардани зану шавҳар ба аврати ҳамдигар ва ғусл карданашон аз оби як зарф ҷоиз аст.
التصنيفات
Ғусл