Қатъан ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ, аз роҳу равиши касоне ки пеш аз шумо буданд пайравӣ хоҳед кард

Қатъан ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ, аз роҳу равиши касоне ки пеш аз шумо буданд пайравӣ хоҳед кард

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Қатъан ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ, аз роҳу равиши касоне ки пеш аз шумо буданд пайравӣ хоҳед кард, то ҷое, ки агар вориди хонаи сусмор шаванд, бешак дар пайи онҳо хоҳед рафт." Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ! Оё манзури шумо яҳудиён ва насрониён ҳастанд? Фармуд: "Пас чи касе?"

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳолати гурӯҳе аз умматашон хабар доданд, ки баъд аз вафоташон дар эътиқодот, корҳо ва одоту суннатҳои яҳудиёну насрониён аз онон бо диққати бисёр -ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ- пайравӣ хоҳанд кард. То ҷое, ки агар вориди сурохии хонаи сусмор шаванд, аз пушти онҳо сарашонро ба он ворид хоҳанд кард.

فوائد الحديث

Яке аз нишонаҳои паёмбарии эшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, зеро он чи он Ҳазрат аз он хабар доданд ба ҳамон шакл рух додааст.

Наҳй аз ин ки мусалмонон худро ба кофирон монанд созанд, чи дар эътиқодот бошад, ё ибодатҳо, ё идҳо ва либосҳои хосси онон ва ғайра.

Тавзеҳи масъалаҳои маънавӣ бо мисолҳои ҳиссӣ аз василаҳои омӯзиш дар Ислом аст.

Вожаи "Заб" ба маънои сусмор, ҳайвоне, ки хонааш торик ва бадбӯй аст ва хазандае аст, ки дар саҳроҳо зиёд пайдо мешавад. Ин ки ба шакли хос аз сӯрохи сусмор ном бурда шудааст, ба сабаби тангӣ ва бадбӯй будани хонаи ӯст. Бо ин ҳол - ба далели пайравӣ аз осор ва пайгирии равишҳои онон - ҳатто агар вориди чунин ҷои танги бадбӯй ҳам шаванд, ворид хоҳанд шуд! Аллоҳ мададгор аст.

التصنيفات

Мушобиҳат ва монандии ҳаром