إعدادات العرض
Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро…
Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам
Аз Саҳл ибни Саъд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод ) фармуданд: "Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".
[صحيح] [رواه البخاري]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Kiswahili தமிழ் ไทย دری Akan Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська bm km rn ქართული Македонски Српски Lingalaالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду чиз хабар додааст, ки агар мусалмон ба он пойбанд бошад, вориди биҳишт мешавад. Якум: ҳифзи забон аз сухане ки боиси хашму ғазаби Аллоҳ мешавад. Дуввум: ҳифзи шармгоҳ аз воқеъ шудан дар фаҳшо (зино). Зеро инсон бо ин ду узв бештар муртакиби гуноҳ мешавад.فوائد الحديث
Ҳифзи забон ва шармгоҳ, роҳи расидан ба биҳишт аст.
Дар ин ҳадис аз забон ва шармгоҳ ба шакли вижа ном бурда шудааст, зеро барои инсон онҳо бузургтарин мусибат дар дунё ва охират ҳастанд.
التصنيفات
Сифатҳои биҳишт ва дӯзах