إعدادات العرض
Ҳар кас як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, Аллоҳ Таъоло рӯйи ӯро ба андозаи масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи дӯзах дур мегардонад
Ҳар кас як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, Аллоҳ Таъоло рӯйи ӯро ба андозаи масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи дӯзах дур мегардонад
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар кас як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, Аллоҳ Таъоло рӯйи ӯро ба андозаи масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи дӯзах дур мегардонад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Tiếng Việt Kiswahili অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული Moore ಕನ್ನಡ Svenska Oromoo Македонски ไทย Українська తెలుగు پښتو मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Türkçe አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе ба ихлос ва аз рӯйи савоб ва подош як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, - дар ҷиҳод ва ғайри он низ гуфта шудааст - Худованд бо фазлу раҳмати Худ ӯро ба масофаи ҳафтод сол аз оташи дӯзах дур мегардонад.فوائد الحديث
Нававӣ мегӯяд: Фазилати рӯза гирифтан дар роҳи Аллоҳ Таъоло. Ин ҳукм барои касест, ки рӯза ба ӯ зарар нарасонад, ҳаққи касеро поймол накунад ва сабаб нашавад, ки ҷангидани ӯ ё дигар корҳои муҳими ҷиҳоди ӯ халал ёбанд.
Ин ҳадис мардумро ба рӯзаи нафлӣ (ихтиёрӣ) ташвиқ ва тарғиб мекунад.
Дар рӯза ихлос ва талаби ризои Аллоҳ Таъоло воҷиб аст. Набояд рӯза барои риё, худнамоӣ ё мақсадҳои дигар гирифта шавад.
Синдӣ гуфтааст: Ибораи (дар роҳи Худо) ду маъно дошта метавонад: яке ин ки мақсад ислоҳи ният бошад, дувумӣ ин ки инсон дар ҳоли ҷанг (ҷиҳод) рӯза гирифта бошад. Ва маънои дуюм ба зеҳн наздиктар аст.
Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ибораи (ҳафтод тирамоҳ) — тирамоҳ фасли муайяни сол аст, аммо дар ин ҷо мақсад як сол мебошад. Зикр шудани тирамоҳ, на тобистон, на зимистон ва на баҳор, барои он аст ки тирамоҳ беҳтарин фасл аст, зеро дар он меваҳо ҷамъоварӣ мешаванд.
التصنيفات
Рӯзаи мустаҳаб