Дар рӯзи ид ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) будам, ки гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯза гирифтани ин ду рӯз наҳй карданд: Рӯзи Иди Фитр, ки…

Дар рӯзи ид ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) будам, ки гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯза гирифтани ин ду рӯз наҳй карданд: Рӯзи Иди Фитр, ки баъди рамазон аст ва рӯзи Иди Қурбон, ки аз гушти қурбониҳоятон мехуред

Аз Абуубайд Мавлои ибни Азҳар ривоят аст, ки гуфт: Дар рӯзи ид ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) будам, ки гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯза гирифтани ин ду рӯз наҳй карданд: Рӯзи Иди Фитр, ки баъди рамазон аст ва рӯзи Иди Қурбон, ки аз гушти қурбониҳоятон мехуред.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Иди Фитр ва Иди Қурбон рӯза гирифтанро манъ карданд. Рӯзи Иди Фитр, рӯзест пас аз рӯзаи моҳи Рамазон. Ва рӯзи Иди Қурбон, рӯзест барои хӯрдани қурбониҳо.

فوائد الحديث

Рӯза гирифтан дар рӯзи Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои Ташриқ ҳаром аст, зеро онҳо тобеӣ рӯзи Иди Қурбон мебошанд, магар барои касе, ки (дар ҳаҷ) қурбонӣ наёфта бошад, барояш рӯза гирифтани рӯзҳои Ташриқ ҷоиз аст.

Ибни Ҳаҷар гуфтааст: гуфта шудааст: фоидаи тавсифи ин ду рӯз, ишора ба сабаби воҷиб будани ифтор дар онҳост, он нишонаи ҷудо шудан аз рӯза ва изҳори поёни он ба ифтори баъд аз он аст. Ифтори баъдӣ барои қурбонӣ аст, ки бо забҳи он ба Худованд наздикӣ ҷуста мешавад, ки он хӯрдан аз гушти қурбони аст.

Барои хатиб мустаҳаб аст, ки дар хутбааш ҳукмҳои марбут ба вақтро зикр намуда мавридҳои муносибро дар назар гирад.

Машруияти хӯрдан аз гушти қурбонӣ.

التصنيفات

Ончи барои рӯзадор ҳаром аст