Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад

Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид мекунанд, ки ҳар кас бихоҳад ба намози ҷумъа ҳозир шавад, барои ӯ мустаҳаб аст, ки ғусл кунад, мисли ғусли ҷанобат.

فوائد الحديث

Таъкид бар ғусли рӯзи ҷумъа, зеро барои муъмин суннат аст, ки рӯзи ҷумъа ғусл кунад. Беҳтар аст, ки вақти рафтан ба намоз онро анҷом диҳад.

Риоя кардани покизагӣ ва хушбӯйӣ аз ахлоқ ва одобҳои мусалмон аст. Ин масъала дар ҳолате, ки бо мардум рӯбарӯ мешавӣ ва ҳамнишинӣ мекунӣ, махсусан дар ҷамъиятҳо ва намозҳои ҷамоатӣ, боз ҳам муҳимтар мешавад.

Муроҷиат дар ҳадис ба он касест, ки намози ҷумъа бар ӯ воҷиб аст, зеро маҳз ӯст, ки барои адои он меояд.

Ҳар касе, ки ба намози ҷумъа ҳозир мешавад, пок буданаш мустаҳаб аст, бинобар ин ғусл кунад то бӯйҳои нописанд аз баданаш дур шавад ва атр занад. Агар танҳо вузӯ бигирад, басанда аст.

التصنيفات

Ғусл, Намози ҷумъа