Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба…

Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз сангсор кардани Асламӣ бархост ва фармуд: "Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард".

[صحيح]

الشرح

Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) хабар дод, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз он ки Моъиз ибни Молики Асламӣ (разияллоҳу анҳу)-ро бо ҳадди зино сангсор кард, бархост ва ба мардум хутба хонд ва гуфт: Аз иртикоби ин амали зишту нописанди зино барҳазар бошед. Ва баён намуданд, ки ҳар ки муртакиби ин амали нописанд ва қабеҳ шавад, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст, бояд ду корро анҷом диҳад: Якум: Гуноҳи худро пинҳон кунад, он чунон ки Худованд ӯро пинҳон кардааст ва гуноҳи худро ба касе хабар надиҳад. Дувум: Ин ки фавран дар назди Аллоҳ Таъоло тавба кунад ва дар гуноҳ исрор наварзад. Ва агар гуноҳи ӯ барои мо ошкор гардад, бар ӯ ҳад ва ҳукми муқарраркардаи Китоби Худовандро барои он гуноҳ иҷро хоҳем кард.

فوائد الحديث

Тарғибу ташвиқ ба ин ки бандаи гунаҳгор, гуноҳи худро пинҳон кунад ва байни худ ва Парвардигораш аз гуноҳаш тавба кунад.

Агар ҳад ба ҳоким расид, бояд он ҳад иҷро шавад.

Вуҷуби дурӣ аз гуноҳон ва тавба кардан аз онҳо.

التصنيفات

Тавба