إعدادات العرض
Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз…
Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст
Аз Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст."
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Español Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof ქართული Magyar Moore Українська Македонски Azərbaycan Shqip አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย বাংলা Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ Tagalog မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки мусалмоне нест, ки вақти намози фарзаш фаро расад ва таҳораташро ба хубӣ ва комил анҷом диҳад ва дар намозаш хошеъ бошад, тавре ки дил ва ҳама узвҳои ӯ рӯ ба рӯи Аллоҳ бошанд ва бузургии Аллоҳро ба ёд оварда ва корҳои намозро, монанди рукуъ ва саҷдаҳо ба шакли комил анҷом диҳад, магар ин ки ин намоз гуноҳони сағираи пеш аз худро пок мекунад, то вақте ки муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин фазилат дар тӯли замон ва дар ҳама намозҳо аст.فوائد الحديث
Намозе, ки каффораи гуноҳон аст, он намозе аст, ки банда хуб таҳорат карда ва онро бо хушуъ ва ба қасди розигии Аллоҳ Таъоло анҷом диҳад.
Фазилати давомнокӣ бар ибодатҳо ва ин ки ибодатҳо сабаби мағфирати гуноҳони сағира ҳастанд.
Фазилати таҳорати комил ва хуб адо кардани намоз ва хушуъ дар он.
Муҳиммияти дур будан аз гуноҳони кабира, барои мағфирати гуноҳони сағира.
Гуноҳони кабира танҳо бо тавба пок мешаванд.
التصنيفات
Фазилати намоз