Ҳар кӣ таҳорат кунад ва онро нек анҷом диҳад, гуноҳони ӯ аз баданаш, ҳатто аз зери нохунҳояш берун меояд

Ҳар кӣ таҳорат кунад ва онро нек анҷом диҳад, гуноҳони ӯ аз баданаш, ҳатто аз зери нохунҳояш берун меояд

Аз Усмон ибни Аффон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кӣ таҳорат кунад ва онро нек анҷом диҳад, гуноҳони ӯ аз баданаш, ҳатто аз зери нохунҳояш берун меояд".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ҳар кӣ таҳорат кунад ва одобу суннатҳои онро риоя кунад аз сабабҳои пок шудани гуноҳони ӯ мегардад, то онҷо ки ҳатто гуноҳонаш аз зери нохунҳои дасту пояш берун меояд.

فوائد الحديث

Ташвиқи мардум барои омӯзиши таҳорат, бо риояи суннат ва одоби вузуъ ва амал кардан ба он.

Фазилати таҳорат ва инки (риояи суннат ва одоби он) сабаби каффораи гуноҳони хурд аст, аммо барои гуноҳони кабира бояд тавба кард.

Шарти рехтани гуноҳон, пурра ва бидуни камбуд анҷом додани таҳорат аст, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд.

Каффораи гуноҳон дар ҳадиси мазкур ба шарти дурӣ аз гуноҳони кабира ва тавба аз онон маҳдуд шудааст, Худованд мефармояд: "[Эй муъминон] Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй шудаед, дурӣ кунед, гуноҳон [-и сағиратон]-ро аз шумо мезудоем ва шуморо дар ҷойгоҳи шоистаи [биҳишт] ворид мекунем". (Сураи Нисо: 31)

التصنيفات

Фазилати таҳорат