Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст

Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям: (алиф, лом, мим), як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст".

[حسن] [رواه الترمذي]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар мусалмоне, ки ҳарфе аз китоби Худо бихонад як ҳасана хоҳад гирифт ва савоби ӯ барояш то даҳчанд дода мешавад. Сипас онро баён фармуда гуфтанд: (Ман намегӯям «алиф лом мим» як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст). Пас он иборат аз се ҳарф аст, ки барояш сӣ савоб дода мешавад.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба зиёд тиловат кардани Қуръон.

Барои тиловат кардани ҳар як ҳарфе аз Қуръон як ҳасана аст, ки ҳар ҳасана баробар аст ба даҳ ҳасана.

Вусъати фазл ва раҳмати Худованд, ки подоши бандагони некӯкорро чанд баробар медиҳад.

Фазилат ва бартарии Қуръон бар дигар суханон, зеро он сухани Худованд ва хондани он ибодат аст.

التصنيفات

Фазилати иноят ба Қуръон, Фазоили Қуръони карим