إعدادات العرض
Ду хислат дар миёни мардум ҳаст, ки онҳо куфр ба шумор мераванд: айбҷӯӣ дар насаб ва нола кардан бар мурда
Ду хислат дар миёни мардум ҳаст, ки онҳо куфр ба шумор мераванд: айбҷӯӣ дар насаб ва нола кардан бар мурда
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ду хислат дар миёни мардум ҳаст, ки онҳо куфр ба шумор мераванд: айбҷӯӣ дар насаб ва нола кардан бар мурда."
[Саҳеҳ] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली ქართული Moore Magyar తెలుగు Кыргызча Svenska ಕನ್ನಡ አማርኛ Українська Kinyarwanda Македонски Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ду хислате, ки дар байни мардум мунташир аст ва аз амалҳои куфрӣ ва ахлоқи ҷоҳилӣ ҳастанд, хабар медиҳад. Он ду хислат иборатанд аз: 1. Айбҷӯӣ ва паст задани насаби мардум ва такаббур бар онон. 2. Баланд кардани овоз дар вақти мусибат, нишон додани норозигӣ аз тақдири Худованд ва пора кардани либос аз шиддати андӯҳу нороҳатӣ.فوائد الحديث
Ташвиқ ба хоксорӣ ва адами такаббур бар мардум.
Воҷиб будани сабр бар мусибат ва манъ аз норизоӣ.
Ин амалҳо аз навъҳои куфри асғар (куфри хурд) ҳастанд, ки шахсро аз дин хориҷ намекунанд, то вақте ки ба куфри акбар (бузург) нарасанд.
Ҳар амале, ки сабаби ҷудоӣ байни мусалмонон мешавад, монанди айбҷӯӣ дар насаб ва ғайра, Ислом аз он наҳй кардааст.
التصنيفات
Куфр