إعدادات العرض
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу…
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
[صحيح] [رواه البخاري]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Kurdî Moore Soomaali Français Wolof Oromoo Tagalog Українська Azərbaycan தமிழ் bm Deutsch ქართული Português Македонски Magyar Русский 中文 فارسیالشرح
Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки вақте ба бистари хоб мерафт ду кафи дастони худро бо ҳам ҷамъ карда ба боло мебардошт, ҳамонгуна, ки дар дуо бардошта мешавад, ва дар он сураҳои (Қул ҳувал-лоҳу аҳад, (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)-ро хонда бо андак аз оби даҳон дамонда бо кафи дастонаш ҳар қисмате аз баданашонро, ки метавонистанд масҳ мекарданд. Ин амалро аз сар ва рӯй ва сипас аз қисми пеши бадан шуруъ карда се бор анҷом медоданд.فوائد الحديث
Хондани сураи Ихлос ва муъавизатайн пеш аз хоб ва дамидан дар кафи дастон ва масҳ кардани ҳар қисмате аз баданро, ки имкон дорад, мустаҳаб аст.