إعدادات العرض
Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд
Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Soomaali Shqip Српски Українська Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар як мусалмони болиғу оқил уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯзи ҳафта як бор ғусл кунад ва дар он ғусл сару баданашро барои покӣ ва тозагӣ бишӯяд. Шоистатарин рӯз барои ин кор, чунон ки дар баъзе ривоятҳо омадаааст, рӯзи ҷумъа аст. Ғусл дар рӯзи ҷумъа ва пеш аз намози ҷумъа бо таъкид мустаҳаб аст, ҳатто агар рӯзи панҷшанбе ғусл карда бошад. Ва он чи воҷиб будани ин ғуслро ба мустаҳаб поин меорад, сухани Оиша (разияллоҳу анҳо) аст, ки мефармояд: "Мардум дар кору талоши худ буданд ва чун ба намози ҷумъа мерафтанд ба ҳамон шакли (ва либоси кор) худ мерафтанд, пас ба онон гуфта шуд: "Агар ғусл кунед (беҳтар аст)" дар ривояти Бухорӣ. Ва дар ривояти дигаре аз ӯ чунин омадааст: "Бӯ доштанд" яъне бӯйи арақ ва монанди он ва бо ин ҳол ба онон гуфта шуд: "Агар ғусл мекардед". Бинобар ин барои дигарон аз боби авло (ғусл воҷиб нест).فوائد الحديث
Таваҷҷуҳ ва аҳамияти Ислом ба тозагӣ ва покӣ.
Ғусли рӯзи ҷумъа бо таъкид мустаҳаб аст.
Зикр кардани сар, агарчи зикри бадан онро дар бар мегирад, барои ба тозагии он аҳамият додан аст.
Ғусл барои касе, ки бӯи нохуш дорад ва сабаби озори мардум мешавад, воҷиб аст.
Таъкиди бештар барои ғусл, рӯзи ҷумъа аст, барои фазле, ки ин рӯз дорад.
