إعدادات العرض
Ба дурустӣ, Худованд фаризаҳоро муқаррар намуд, пас онҳоро зоеъ накунед; ва ҳудудҳоро (барои уқубату ҷазо) муайян сохт, пас онҳоро таҷовуз накунед; ва ҳаромҳоро…
Ба дурустӣ, Худованд фаризаҳоро муқаррар намуд, пас онҳоро зоеъ накунед; ва ҳудудҳоро (барои уқубату ҷазо) муайян сохт, пас онҳоро таҷовуз накунед; ва ҳаромҳоро ҳаром гардонид, пас ба онҳо наздик нашавед; ва дар бораи (баъзе) чизҳо бинобар меҳрубонӣ намудан барои шумо на аз рӯйи фаромӯшӣ, сукут (ихтиёр) кард, пас шумо онҳоро ҷустуҷў накунед
Аз Абусаълаба ал-Хушанӣ, Ҷурсум ибни Ношир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Ба дурустӣ, Худованд фаризаҳоро муқаррар намуд, пас онҳоро зоеъ накунед; ва ҳудудҳоро (барои уқубату ҷазо) муайян сохт, пас онҳоро таҷовуз накунед; ва ҳаромҳоро ҳаром гардонид, пас ба онҳо наздик нашавед; ва дар бораи (баъзе) чизҳо бинобар меҳрубонӣ намудан барои шумо на аз рӯйи фаромӯшӣ, сукут (ихтиёр) кард, пас шумо онҳоро ҷустуҷў накунед".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayuالشرح
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Худованд чизҳоеро воҷиб гардонида ва фарзҳоеро муқаррар намудааст, пас ба онҳо пойбанд бошед ва дар иҷрои онҳо кӯтоҳӣ накунед. Ва бароятон марзҳо ва боздорандаҳое муайян кардааст, ки шуморо аз корҳои нописанд бозмедоранд, пас бар он чи шариат фармон додааст, наяфзоед. Ва муҳаррамотеро ҳаром гардонидааст, пас аз онҳо парҳез кунед ва ба онҳо наздик нашавед. Аммо он чизҳое, ки Худованд дар борааш сукут кардааст, онҳоро аз рӯи раҳматаш барои шумо вогузоштааст, пас бар асли мубоҳ ва ҳалол боқӣ бимонад, бинобар ин, дар пайи ҷустуҷӯи онҳо набошед.فوائد الحديث
Ин ҳадис далеле аст бар ин ки танҳо Худованд қонунгузор ва ташреъкунанда аст ва фармон танҳо ба дасти Ӯ Субҳонаҳу аст.
Ин ҳадис қоидаҳои шариатро дар бар мегирад, ҳам дар ҳукм ва ҳам дар мубоҳ будан; зеро ҳукми шаръӣ ё дар борааш сухан гуфта шудааст ё сукут шудааст. Агар зикр шуда бошад, пас ё амр бо вуҷуб ё мустаҳаб шудааст, ё манъ бо таҳрим ё макрӯҳ шудааст ва агар зикр нашуда бошад, пас он мубоҳ аст.
Ин аст, ки ҳар чизеро, ки Худо нисбат ба он сукут кардааст, на фарзаш гардонидааст, на ҳадде барояш муайян кардааст ва на онро манъ кардааст, пас он ҳалол аст.
Зебоии баёни Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он зоҳир аст, ки ҳадисро бо чунин тақсимбандии равшан ва фаҳмо баён намудааст.
Вуҷуби пойбанди бар фарзҳои Аллоҳ Таъоло.
Ҳаром будани таҷовуз аз ҳудуди муайянкардаи Аллоҳ Таъоло.
التصنيفات
Ҳудуд