Зан набояд масофаи ду рӯзро тай кунад, магар ин ки шавҳар ё маҳраме бо ӯ бошад

Зан набояд масофаи ду рӯзро тай кунад, магар ин ки шавҳар ё маҳраме бо ӯ бошад

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) - ки дар дувоздаҳ ғазва бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ширкат карда буд - ривоят аст, ки гуфт: Чаҳор чизро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам ва ба ман писанд омад. Фармуданд: "Зан набояд масофаи ду рӯзро тай кунад, магар ин ки шавҳар ё маҳраме бо ӯ бошад. Дар ду рӯз рӯза гирифтан раво нест: Иди Фитр (Рамазон) ва Қурбон. Ва баъд аз субҳ то тулуъи офтоб намоз раво нест. Ва баъд аз намози аср то ин ки офтоб ғуруб кунад, намоз раво нест. Ва бори сафар баста намешавад, магар ба сӯи се масҷид: Масҷидул-ҳаром, Масҷидул-ақсо ва ин масҷиди ман."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз чаҳор чиз наҳйи карданд: Аввали онҳо: Манъ кардани зан аз сафаре, ки масофаи он ду рӯза роҳ бошад, бидуни шавҳар ё яке аз маҳрамонаш. Ва манзур аз маҳрам, касе аст, ки издивоҷ бо ӯ то абад ҳаром аст, монанди, писар, падар, бародарзода, хоҳарзода, амак ва тағо ва монанди онҳо. Дуввум: Ҳаром будани рӯза гирифтан дар рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон, хоҳ он рӯзаи нафлӣ бошад ё рӯзаи назр ё рӯзаи каффорат. Сеюм: Намозҳои нафлӣ баъд аз намози аср то ғуруби офтоб ва баъд аз намози бомдод то тулуи офтоб ҳаром аст. Чаҳорум: Наҳйи аз сафар кардан ба ҳар ҷое аз рӯйи эътиқод ба фазилати онҷо ва чанд баробар шудани савоб, ба ғайр аз масҷидҳои сегона. Бинобар ин ба қасди намоз хондан бори сафар баста намешавад, магар ба ин се масҷид, зеро аҷру савоб дучанд намешавад, магар дар ин се масҷид: Масҷидул-ҳаром, Масҷиди набавӣ ва Масҷидул-ақсо.

فوائد الحديث

Бе маҳрам сафар кардани зан, ҷоиз нест.

Зан дар сафар барои зан маҳрам шуда наметавонад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳамсараш ё касе, ки ба ӯ маҳрам аст."

Ҳар он чизе, ки сафар номида мешавад, сафар кардани зан бе шавҳар ё маҳрам ҳаром аст. Ва ин ҳадис мувофиқи ҳолати саволкунанда ва ҷои иқоматаш буд.

Маҳрами зан ё шавҳараш аст, ё касе аст, ки издивоҷ бо ӯ ба сабаби хешовандӣ абадӣ ҳаром аст. Ба монанди, падар, писар, амак, тағо. Ё ба сабаби ширдиҳӣ, монанди падари разоъӣ ва амаки разоъӣ. Ё ба сабаби домодӣ, монанди падаршавҳар. Ва маҳрам бояд мусалмон, болиғ, оқил ва мавриди эътимод бошад, зеро маҳрам барои ҳимоят ва ҳифзи зан ва анҷом додани корҳои ӯ аст.

Аҳамият додани шариати исломӣ ба занон ва ҳимоят ва муҳофизат аз онон.

Баъд аз намози бомдод ва аср намози нафлӣ мутлақ хондан дуруст нест. Ба истиснои намозҳои қазоӣ ва намозҳое, ки сабаб доранд, монанди таҳияи масҷид ва амсоли он.

Дарҳол баъд аз тулуи офтоб намоз хондан манъ аст, балки он бояд ба андозаи найза баланд шавад, тақрибан даҳ то понздаҳ дақиқа бошад.

Вақти намози аср то ғуруби офтоб давом меёбад.

Ба се масҷид сафар кардан ҷоиз аст.

Фазилати масҷидҳои сегона ва бартарии онҳо аз дигар масҷидҳо.

Барои зиёрати қабрҳо, сафар кардан ҷоиз нест, ҳатто агар қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад. Аммо агар касе дар Мадина бошад ё бо қасди кори ҷоиз ба Мадина омада бошад, барояш зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷоиз аст.

التصنيفات

Аҳкоми масҷид-улҳаром ва масҷиди набавӣ ва байтулмақдис, Аҳкоми занон, Таърихи Макка ва Мадина ва Ақсо