إعدادات العرض
Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад
Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад
Аз Тамими Дорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад. Бо иззати азиз ё зиллат ва хории залил ҳамроҳ мегардонад. Иззате, ки Аллоҳ ба воситаи он Исломро иззат мебахшад ва зиллате, ки Аллоҳ ба воситаи он куфрро залил ва хор мегардонад". Тамими Дорӣ мегуфт: Инро дар миёни хонаводаам шоҳид будам, касоне аз хонаводаам, ки Исломро пазируфта буданд, ба хайру шараф ва иззат даст ёфтанд ва онон ки кофир монданд, хору залил шуда ҷизя пардохтанд.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Türkçe اردو हिन्दी Tagalog 中文 Kurdî Português Русский دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча Kiswahili ગુજરાતી Hausa नेपाली Română മലയാളം Nederlands සිංහල پښتو తెలుగు Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ин дин дар тамоми гӯшаҳои замин паҳн мешавад, пас ин дин ба ҳар ҷое мерасад, ки шабу рӯз ба он расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло хонаеро дар шаҳрҳо ва рустоҳо ва ҳатто бодияҳо ва саҳроҳо раҳо нахоҳад кард, магар ин ки ин динро ба онҷо ворид хоҳад кард. Пас ҳар ки ин динро қабул кард ва имон овард, бо иззати Ислом азиз ва сарбаланд хоҳад шуд. Ва ҳар ки онро инкор кард ва кофир шуд, хору залил хоҳад монд. Сипас саҳобӣ Тамими Дорӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Он чи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта буд, дар хешовандони худ дидам. Он тавр ки ҳар ки аз онон Исломро пазируфт, хайру шараф ва сарбаландӣ ба даст овард. Ва онон ки кофир шуданд, ба замми пуле, (ҷизя) ки ба мусалмонон мепардохтанд, дучори зиллат ва хорӣ шуданд.فوائد الحديث
Башорат барои мусалмонон, ки дини онҳо дар тамоми гӯшаву канори рӯи замин паҳн хоҳад шуд.
Иззат аз они Ислом ва мусалмонон аст ва хорӣ аз они куфру кофирон аст.
Дар он далеле аз далоили нубувват аст, зеро ҳамон тавр ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар дода буданд, рух дод.
التصنيفات
Нишонаҳои қиёмат