Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред

Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунид, ки мефармояд: "Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред. Ва чун ворид шавад ва ҳангоми ворид шудан номи Аллоҳро зикр накунад, шайтон мегӯяд: Ҷойи хоби имшабро дарёфтед ва чун ҳангоми хӯрок номи Аллоҳро зикр накунад, шайтон мегӯяд: Ҳам ҷойи хоб ёфтед ва ҳам хӯроки шом."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳангоми ворид шудан ба хона ва пеш аз хӯрдани таом зикри Аллоҳро ба забон оваранд. Ва баён намуданд, ки агар бо гуфтани "Бисмиллоҳ" (Ба номи Аллоҳ) ҳангоми дохил шудан ба хона ва ҳангоми шуруъ кардан ба хӯрокхӯрӣ Аллоҳро ёд кунад, шайтон ба ёронаш мегӯяд: Имрӯз дар ин хона, ки соҳибаш аз шумо ба ёди Аллоҳ паноҳ бурдааст, баҳрае аз шаб мондан ва хӯроки шом надоред. Аммо агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми даромадан ва ҳангоми хӯрокхӯрӣ номи Аллоҳро зикр накунад, шайтон ба ёронаш мегӯяд, ки онҳо дар ин хона ҷойи хоб ва хӯрок дарёфт карданд.

فوائد الحديث

Вақти даромадан ба хона ва вақти хӯрок хӯрдан зикр кардани номи Аллоҳ мустаҳаб аст. Зеро агар номи Аллоҳро нагӯед, шайтон дар хонаҳо мемонад ва аз хӯроки аҳли хона мехӯрад.

Шайтон фарзанди Одамро дар ҳама корҳо ва рафторҳояш муроқибат мекунад, пас агар аз ёди Аллоҳ ғофил шуд ба муроди худ мерасад ва ҳар чи мехоҳад аз ӯ ба даст меорад.

Зикр шайтонро берун мекунад.

Ҳар шайтон пайравон ва дӯстон дорад, ки бо сухани ӯ шод мешаванд ва ба амри ӯ амал мекунанд.

التصنيفات

Таълимоти Паёмбар (с) дар мавриди зикрҳо, Фоидаҳои зикри Аллоҳи бузург, Зикрҳои даромадан ва баромадан аз хона