Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте шаб аз хоб бедор мешуд, даҳонашро бо мисвок пок мекард

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте шаб аз хоб бедор мешуд, даҳонашро бо мисвок пок мекард

Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте шаб аз хоб бедор мешуд, даҳонашро бо мисвок пок мекард.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бисёр вақт мисвок мекарданд ва ба он амр менамуданд. Мисвок кардан дар баъзе ҳолатҳо аҳамияти бештар дорад, аз ҷумла, ҳангоми бедор шудан аз хоби шаб, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳонашонро бо мисвок пок мекарданд.

فوائد الحديث

Таъкиди машруъияти мисвок баъд аз хоби шаб, зеро хоб сабаби тағйир ёфтани бӯи даҳон мегардад ва мисвок василаи тоза кардани даҳон аст.

Таъкиди машруъияти мисвок ҳар гоҳ ки бӯи баде аз даҳон пайдо шавад, баргирифта аз маънои пешина.

Машруъияти покизагӣ ба таври умум, ки он яке аз суннатҳои Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз одобҳои олӣ мебошад.

Мисвок кардан ҳамаи даҳонро шомил аст, аз ҷумла: дандонҳо, милҳо (лисса) ва забонро дар бар мегирад.

Мисвок як шохаест, ки аз дарахти арок ё дигар дарахтҳо гирифта мешавад ва барои тозакунии даҳон ва дандонҳо истифода мешавад. Он бӯи бадро мебарорад ва даҳонро хушбӯй мекунад.

التصنيفات

Суннатҳои фитрат, Роҳнамоӣи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар покӣ