Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест

Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест

Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест".

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти ҳозир будани таъом, ки (шахси гурусна) дилаш ба он майл мекунад, намоз гузоштанро наҳйи кардааст. Ва ҳамчунин аз намоз хондан дар ҳолати фишори ду нопокӣ - пешоб ва наҷосат - наҳйи кардааст. Зеро дар ин ҳолат (шахси намозгузор) машғули пешгирӣ кардан аз он ду аст.

فوائد الحديث

Намозгузор пеш аз оғози намоз бояд ҳар чизеро, ки дар намозаш ӯро парешон месозад, дур кунад.

التصنيفات

Хатогиҳои намозгузорон