Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад

Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад. Пас биҳиште, ки ӯ мегӯяд, дар ҳақиқат он дӯзах аст ва ман дар бораи ӯ ба шумо ҳушдор медиҳам, чунон ки Нӯҳ қавмашро ҳушдор дод."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асҳоби худро дар бораи Даҷҷол, хислатҳо ва нишонаҳояш ва чизҳое, ки ҳеҷ паёмбаре пеш аз ӯ нагуфта буд, огоҳ мекунад, аз ҷумла: Ӯ кӯр аст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳамроҳ бо ӯ - он тавр ки ба назар меояд - монанди биҳишт ва дӯзах қарор додааст. Аммо биҳишти ӯ оташ ва оташаш биҳишт аст. Ҳар ки аз ӯ итоат кунад, ба он биҳишт ворид мешавад, ки мардум онро мебинанд, вале он дар ҳақиқат оташи сӯзон аст. Аммо ҳар ки аз ӯ нофармонӣ кунад, ба дӯзах ворид мешавад, ки мардум онро мебинанд, вале он дар ҳақиқат биҳишти некӯ аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро аз фитнаи Даҷҷол ҳушдор дод, чунон ки Нӯҳ қавми худро огоҳ карда буд.

فوائد الحديث

Бузургии фитнаи Даҷҷол.

Наҷот аз фитнаи Даҷҷол бо имони содиқона ва рӯй овардан ба Аллоҳ Таъоло ва паноҳ бурдан аз Даҷҷол ба Аллоҳ дар ташаҳҳуди ахир ва ҳифзи даҳ ояти аввали сураи Каҳф мумкин аст.

Шиддати ғамхории Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба умматаш, ки барои мусалмонон хислатҳои Даҷҷолро баён кардааст, ки ҳеҷ паёмбаре пеш аз ӯ баён накарда буд.

التصنيفات

Имон ба рӯзи қиёмат, Нишонаҳои қиёмат, Меҳрубонии Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)