Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал

Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) панҷ хусусиятро, ки аз дини Ислом ва суннатҳои паёмбарон ҳастанд, баён карданд. Якум: хатна кардан, яъне буридани пӯсти зиёдатии олати мард, ки дар қисмати нуги олат ҷой дорад ва инчунин буридани нӯги пусте, ки бар болои шармгоҳи зан ва дар ҷойи вуруди олати ӯ қарор дорад, мебошад. Дуввум: истиҳдод, тарошидани мӯйе ки дар атрофи шармгоҳ аст. Севум: кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани он чи бар руйи лаби болои руйидашуда аст, ба шакле, ки лаб намоён бошад. Чаҳорум: кӯтоҳ кардани нохунҳо. Панҷум: кандани мӯйи зери бағал.

فوائد الحديث

Суннатҳои паёмбарон, ки Аллоҳ онҳоро дӯст медорад, аз он хушнуд аст ва ба он даъват менамояд, ки ба камол, покӣ ва зебоӣ даъват мекунад.

Машруияти таваҷҷуҳ ба ин корҳо ва мудовимат бар онҳо ва беэътиноӣ накардан ба онҳо.

Ин хусусиятҳо манфиатҳои динӣ ва дунявии бешуморе доранд, аз ҷумла зебогии зоҳири инсон, покии бадан, эҳтиёт барои покӣ ва таҳорат, мухолифат бо кофирон ва итоат аз амри Аллоҳ мебошанд.

Дар ҳадисҳои дигар омадааст, ки ҷуз ин панҷ хислат, дигар хислатҳо ҳам вуҷуд дорад, аз қабили: риш гузоштан, истифода бурдани мисвок ва ғайра.

التصنيفات

Суннатҳои фитрат