Кадом кор назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Гуфт: "(Адои намоз дар вақти муқарраршудааш". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Ҷиҳод…

Кадом кор назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Гуфт: "(Адои намоз дар вақти муқарраршудааш". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсидам: Кадом кор назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Гуфт: "(Адои намоз дар вақти муқарраршудааш". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ". Гуфт: Инҳоро бароям хабар дод ва агар бештар мепурсидам, дар посух бароям бештар ҷавоб медод.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд: Кадом кор дар назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Фармуданд: Гузоштани намози фарз дар вақте ки аз ҷониби шариат муқаррар шудааст. Сипас некӣ ба падару модар. Бо некӣ кардан ба онон ва ба ҷой овардани ҳаққашон ва бадӣ накардан ба онҳо. Сипас ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, барои баландбардории калимаи Аллоҳ ва дифоъ аз Ислом ва мусалмонон ва ошкор шудани расму ойинҳои Ислом. Ва ин ҷиҳод бо мол ва ҷон аст. Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Ин корҳоро бароям хабар дод ва агар мегуфтам, боз кадом? Бароям бештар мегуфт.

فوائد الحديث

Бартарии амалҳо бар якдигар, мувофиқи муҳаббат ва дӯст доштани Аллоҳ нисбат ба он амалҳо аст.

Ташвиқи мусалмон барои иҷро кардани амалҳо мувофиқи бартарии онҳо (беҳтарин ва беҳтаринтар).

Посухҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи беҳтарин амалҳо вобаста ба тафовути одамон ва шароити онҳо ва он чи барои ҳар яки онҳо фоиданоктар аст, фарқ мекунад.

التصنيفات

Фазоили амалҳои нек, Фазилати намоз