Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ

Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки сирояти бемориҳо, ки аҳли ҷоҳилият ба он муътақид буданд ва бовар доштанд, ки беморӣ бидуни тақдири илоҳӣ худ ба худ аз касе ба касе дигар мегузарад, ботил аст. Ва "тияра" ҳам ботил аст, яъне фоли бад гирифтан аз ҳар чизе - шуниданӣ бошад ё диданӣ - аз парандагон, ҳайвонот, маъюбон, рақамҳо, рӯзҳо ё ғайри инҳо. Инҷо аз паранда ёдоварӣ шудааст, зеро он дар замони ҷоҳилият машҳур буд. Ва асли он раҳо кардани паранда ҳангоми анҷом додани коре ба мисли сафар ё тиҷорат ё ғайри он буд. Агар он парранда ба тарафи рост парвоз мекард, фоли хуб буд ва корашро анҷом медод. Ва агар ба тарафи чап парвоз мекард, фоли бад маҳсуб мешуд ва аз анҷоми кораш худдорӣ мекард. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки хушбинӣ ва фоли некро меписандад. Ва фоли нек он аст, ки инсон аз шунидани сухани нек хушҳол шавад ва ба воситаи он ба Парвардигораш гумони нек бикунад.

فوائد الحديث

Таваккул ба Аллоҳ Таъоло кардан ва ин ки таваккул ниҳояте ҷуз хайр надорад. Ва касе ҷуз Аллоҳ бадиро аз касе дур намекунад.

Наҳй аз фоли бад ва он ҳисси бадгумонӣ аз чизе, ки инсон ба сабаби он аз коре, ки анҷом додани аст, даст бикашад.

Фоли нек ва хушбинӣ аз ҷумлаи тияраи манъшуда нест, балки навъе аз гумони нек ба Аллоҳ Таъоло аст.

Ҳама чиз ба тақдири Аллоҳи ягонаи бешарик рух медиҳад.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият