إعدادات العرض
Тақвои Парвардигоратонро пеша созед, намозҳои панҷгонаи худро бихонед, моҳи Рамазонро рӯза гиред, закоти молҳоятонро бипардозед ва аз валӣ амри худ итоат кунед, то…
Тақвои Парвардигоратонро пеша созед, намозҳои панҷгонаи худро бихонед, моҳи Рамазонро рӯза гиред, закоти молҳоятонро бипардозед ва аз валӣ амри худ итоат кунед, то ба биҳишти Парвардигоратон ворид шавед
Аз Абуумома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар хутбаи Ҳаҷҷи видоъ шунидам, ки гуфт: "Тақвои Парвардигоратонро пеша созед, намозҳои панҷгонаи худро бихонед, моҳи Рамазонро рӯза гиред, закоти молҳоятонро бипардозед ва аз валӣ амри худ итоат кунед, то ба биҳишти Парвардигоратон ворид шавед."
[Саҳеҳ] [رواه الترمذي وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda Shqip ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Українська Moore ქართული Magyar Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo Deutsch ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи Арафа дар Ҳаҷҷи видоъ соли даҳуми ҳиҷри хутба гуфтанд. Ин ҳаҷро, Ҳаҷҷи видоъ гуфтанд. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он бо мардум видоъ карданд. Ва ҳамаи мардумро амр кард, ки бо иҷрои авомири илоҳи ва дурӣ аз навоҳии Ӯ тақвояшро риоят кунанд. Ва намозҳои панҷгонаи шабонарӯзиро, ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла фарз гардонидааст, ба ҷо оваранд. Ва моҳи Рамазонро рӯза доранд. Ва закоти молашонро ба шахсоне, ки сазовор ҳастанд, бидиҳанд ва бахилӣ накунанд. Ва аз касоне, ки Аллоҳ ба унвони фармонраво қарор додаст, дар ғайри маъсияти Аллоҳ итоат кунанд. Пас ҳар ки ин гуфтаҳоро анҷом диҳад, савобаш ворид шудан ба биҳишт аст.فوائد الحديث
Ин амалҳо аз сабабҳои ворид шудан ба биҳишт ҳастанд.
التصنيفات
Фазоили амалҳои нек