إعدادات العرض
Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст
Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст
Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල دری অসমীয়া پښتو O‘zbek Tiếng Việt Македонски ភាសាខ្មែរ ਪੰਜਾਬੀ తెలుగు ไทย Moore አማርኛ Magyar Azərbaycan ქართული ಕನ್ನಡ Yorùbá ગુજરાતી Українська Shqip Кыргызча Српски Kinyarwanda Wolof Čeština தமிழ் Bambara नेपाली മലയാളം kmr ms Deutsch Lietuviųالشرح
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло барои уммати ӯ се ҳолатро афв кардааст: Аввал: Хато, яъне коре, ки бе қасд ва ният анҷом мешавад. Мусалмон мехоҳад кори дурустеро анҷом диҳад, вале амалаш баръакси қасдаш мебарояд. Аллоҳ дар чунин ҳолат афв мекунад, зеро он амдан набудааст. Дуюм: Фаромӯшӣ, яъне мусалмон чизеро дар ёд дорад, вале дар вақти амал онро фаромӯш мекунад. Дар чунин ҳолат низ бар ӯ гуноҳ нест, зеро фаромӯшӣ аз табиати инсон аст ва Аллоҳ Таъоло чунин ҳолатҳоро афв кардааст. Сеюм: Иҷбор, яъне шахсро маҷбур мекунанд, ки амале анҷом диҳад, дар ҳоле ки ӯ анҷом додани он амалро намехоҳад, вале наметавонад маҷбуриро бартараф кунад. Дар чунин ҳолат, бар ӯ гуноҳ нест ва гунаҳкор шуморида намешавад. Бо таваҷҷуҳ ба он ки мавзуи ҳадис дар мавриди он чи байни банда ва Парвардигораш дар анҷоми кори мамнуъ аст, аммо агар касе фармонеро (фаризае) фаромӯш карда тарк кунад, воҷиб аз ӯ соқит намешавад, бояд онро ҷуброн кунад (масалан, намози фаромӯшшударо қазо дорад). Агар амали ӯ, ҳарчанд хато ё маҷбурӣ анҷом шуда бошад, ба дигарон зиён расонад, ҳаққи мардум соқит намешавад. Масалан, агар касе нохост одаме кушта бошад, бар ӯ дия (ҷаримаи хун) лозим аст. Агар мошини касеро беқасд вайрон кунад, бояд зарарро ҷуброн кунад. Хулоса, ҳадис дар ҳаққи гуноҳони шахсӣ байни банда ва Худо сабукӣ медиҳад, вале ҳаққи мардум ҷуброн намешавад.فوائد الحديث
Гузашт ва раҳмати васеи Худованди Азза ва Ҷалла ва лутфи Ӯ ба бандагонаш дар он зоҳир аст, ки агар гуноҳ аз рӯи хато, фаромӯшӣ, ё маҷбурӣ содир шавад, гуноҳ бар гардани банда навишта намешавад.
Фазли Худо бар Паёмбари Акрам Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва уммати ӯ.
Бардошта шудани гуноҳ маънои бардошта шудани ҳукм ё замонатро надорад. Масалан, касе, ки таҳорат карданро фаромӯш кард ва намоз хонд, бо гумони он ки таҳорат дорад, барои ин амалаш гуноҳ намегирад, зеро фаромӯш кард. Аммо намозаш дуруст нест, чун шарт (таҳорат) вуҷуд надошт. Бояд таҳорат гирад ва намозро дубора ба ҷо оварад. Яъне, гуноҳ нест, вале масъулият ҳаст.
Барои он ки гуноҳ аз шахсе, ки ба сабаби иҷборӣ амалеро содир кардааст, бардошта шавад, шартҳое вуҷуд доранд. Аз ҷумла, қодир будани маҷбуркунанда (касе, ки таҳдид мекунад) бояд воқеан тавон дошта бошад, ки таҳдиди худро иҷро кунад, (масалан, ҷон, мол ё обрӯи шахсро ба хатар андозад).
التصنيفات
Имон ба Аллоҳи бузург