إعدادات العرض
Рамазонро бо рӯза гирифтани як ё ду рӯз пеш аз он оғоз накунед, магар он марде, ки одатан ин рӯзҳоро рӯза мегирифт, барои ӯ иҷозат аст рӯза бигирад
Рамазонро бо рӯза гирифтани як ё ду рӯз пеш аз он оғоз накунед, магар он марде, ки одатан ин рӯзҳоро рӯза мегирифт, барои ӯ иҷозат аст рӯза бигирад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Рамазонро бо рӯза гирифтани як ё ду рӯз пеш аз он оғоз накунед, магар он марде, ки одатан ин рӯзҳоро рӯза мегирифт, барои ӯ иҷозат аст рӯза бигирад."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული ಕನ್ನಡ Moore Svenska Македонски ไทย Українська తెలుగు मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy پښتو ភាសាខ្មែរ Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин ки мусалмоне як ё ду рӯз пеш аз Рамазон ба нияти эҳтиёт рӯза бигирад, наҳй кардааст. Зеро фарзияти рӯзаи Рамазон бар дидани моҳи нав вобаста аст ва ниёзе ба зиёдаравии бемаврид нест. Магар касе, ки одатан рӯза мегирифт, мисли як рӯз рӯза гирифтан ва як рӯз ифтор кардан, ё рӯзаи душанбе ва панҷшанбе ва рӯзаи ӯ ба ин рӯз мувофиқ афтода бошад, дар ин ҳолат рӯза гирифтан барои ӯ иҷозат аст. Ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ аз боби истиқбол аз Рамазон нест. Инчунин рӯзаҳои воҷиб, монанди қазоӣ ва назр ба он истисно дохил мешаванд.فوائد الحديث
Наҳй аз сахтгирӣ ва воҷиб будани пойбандӣ ба ибодат ҳамон тавре ки шариат таъин кардааст, бе зиёдатӣ ё камӣ.
Аз ҳикматҳои ин амал — Худованд беҳтар медонад — фарқ гузоштан байни фарзҳо ва нафлҳо, омодагӣ ба Рамазон бо фаъолият ва иштиёқ, то ин ки рӯза нишонаи он моҳи муборак ва хусусияти фарқкунандаи он моҳи бофазилат бошад.
التصنيفات
Рӯзаи рӯзи шак