Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз

Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз

Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз: зан ё марди издивоҷ кардаи зинокор ва (қатли) ҷоне ба (қасоси) ҷон (-и дигар) ва касе, ки тарки дини худ кунад ва аз ҷамъияти мусалмонон ҷудо шавад".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки хуни мусалмон ҳаром аст, магар дар ин се ҳолат: Аввал: Касе, ки пас аз издивоҷи саҳеҳ (яъне бо ақди дуруст ва шаръӣ) даст ба фоҳишагии зино занад, чунин шахс барояш ҷазои қатл тавассути сангсор (раҷм) ҷорӣ мегардад. Дувум: Касе, ки як инсони маъсумро қасдан ва ноҳақ бикушад. Бо фароҳам шудани шароити қасос, (қотил) кушта мешавад (яъне барояш ҷазои қатл бо қасос татбиқ мегардад). Сеюм: Касе, ки аз ҷамоати мусалмонон хориҷ шавад, хоҳ бо тарки дини Ислом ба куллӣ (яъне, комил аз Ислом рӯй гардондан), ё ҷузъӣ (яъне, тарки баъзе аз аҳкоми дин) бошад, монанди исёнгарон, роҳзанҳо ва муҳорибон аз гурӯҳи хавориҷ ва ғайра.

فوائد الحديث

Анҷом додани ин се хислат ҳаром аст. Ҳар касе муртакиби яке аз ин се хислат шуд, ҷазои қатл бояд бар ӯ ҷорӣ мешавад: Ё ба сабаби куфр, ки он хориҷ шудан аз Ислом аст, ё ба сабаби ҳади шаръӣ, ки он бар зани шавҳардор ва марди зандори зинокор ҷорӣ мешавад ва инчуин касе, ки қасдан касеро мекушад.

Ҳифзи обрӯ, нангу номус ва покӣ воҷиб аст.

Воҷиб будани эҳтироми мусалмон ва ин ки хуни ӯ маҳфуз ва муҳтарам аст.

Тарғибу ташвиқ ба ҳамроҳии ҷамоати мусалмонон ва ҷудо нашудан аз онон.

Шеваи омӯзиши зебои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чунон ки суханаш баъзан ба сурати тақсимбандӣ шуда меояд ва тақсимбандӣ кардан масъалаҳоро маҳдуд ва ҷамъбаст мекунад ва ҳифз карданро осонтар месозад.

Худованд ҳудудро машруъ гардонидааст, то ҷинояткоронро боздорад ва ҷомеаро муҳофизат кунад ва аз ҷиноятҳо пешгирӣ намояд.

Иҷрои ин ҳудуд аз ихтиёроти ҳоким ё ҳукумати исломӣ аст.

Сабабҳои ҳукми қатл бештар аз ин се ҳолат ҳастанд, лекин аз ин се ҳолат берун нестанд. Ибни Арабии Моликӣ мегӯяд: "(Сабабҳои қатл бештар аз се ҳолат ҳастанд), вале ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин се сабаб хориҷ намешаванд. Зеро, касе, ки ҷоду мекунад ё Паёмбарро дашном медиҳад, кофир мешавад ва дар гурӯҳи касоне шумурда мешавад, ки дини худро тарк кардаанд."

التصنيفات

Аҳкоми ҳудуд