إعدادات العرض
Эй мардум! Ба сӯи Худо тавба кунед, зеро ман рӯзе сад маротиба ба даргоҳи Ӯ тавба мекунам
Эй мардум! Ба сӯи Худо тавба кунед, зеро ман рӯзе сад маротиба ба даргоҳи Ӯ тавба мекунам
Аз Ағарр (разияллоҳу анҳу), ки аз саҳобагони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд, ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Эй мардум! Ба сӯи Худо тавба кунед, зеро ман рӯзе сад маротиба ба даргоҳи Ӯ тавба мекунам."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Português සිංහල Русский Kiswahili Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Hausa Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული ಕನ್ನಡ Moore Svenska Македонски ไทย తెలుగు Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Tagalog ភាសាខ្មែរ پښتو Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் فارسی Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба зиёд тавба ва истиғфор намудан амр мекунад ва аз худ хабар медиҳад, ки дар як рӯз зиёда аз сад бор ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло тавба мекунад ва аз Ӯ омурзиш металабад, дар ҳоле ки гуноҳони гузаштаву ояндаи Ӯ бахшида шудаанд. Дар ин кор камоли хоксорӣ ва ибодати комил барои Худованд Ҷалла ва Ъуло аст.فوائد الحديث
Ҳар як инсон, новобаста аз мартаба ва дараҷаи имонаш, ба бозгашт ба сӯи Аллоҳ Таборак ва Таъоло ниёз дорад ва бояд худро бо тавба комил гардонад. Ҳеҷ касе нест, ки аз кӯтоҳӣ дар адои ҳаққи Худованд Таборак ва Таъоло холӣ бошад: (Эй муъминон! ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ тавба кунед).
Тавба умумӣ аст, хоҳ аз анҷом додани муҳаррамот ва гуноҳон бошад, ё аз кӯтоҳӣ дар анҷоми воҷибот.
Ихлос (холисона будан) дар тавба шарти қабули он аст, пас ҳар касе гуноҳеро ба хотири ғайри Худо тарк кунад, тавбакунанда ҳисоб намешавад.
Нававӣ гуфтааст: Барои тавба се шарт вуҷуд дорад: аз гуноҳ даст кашидан, аз анҷом додани он пушаймон шудан, бо азми қатъӣ қасд кардан, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба он бознагардад. Агар гуноҳ ба ҳаққи инсон (бандаи дигар) вобаста бошад, шарти чаҳорум низ дорад, ва он баргардонидани ҳаққи ситонидашуда ба соҳибаш ё гирифтани ризоияти ӯст.
Инчунин ишора аст ба он ки истиғфори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳатман ба сабаби гуноҳе, ки анҷом додааст, нест, балки ин аз камоли бандагии ӯ, пайвастагии қалбаш ба зикри Худованди пок, эҳсоси бузургии ҳаққи Худои Таъоло ва дарки кӯтоҳии банда дар шукри неъматҳои Ӯ, ҳарчанд чи қадар амал кунад, мебошад. Ва ин ҳамчунин аз ҷиҳати ташреъ ва омӯзиш барои уммат баъд аз ӯст ва дорои ҳикматҳои дигар низ мебошад.
