Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё,…

Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё, Парвардигори мо! Ба мо дар дунё ва дар охират некӣ ато кун. Ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ)

Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё, Парвардигори мо! Ба мо дар дунё ва дар охират некӣ ато кун. Ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ).

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бештар бо дуоҳои ҷомеъ ва фарогир дуо мекарданд, аз ҷумла: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." Ин дуо ҳам некии дунёро дар худ дорад, аз ҷумла ризқи фаровон ва ҳалол, ҳамсари солеҳа, фарзандоне, ки сабаби равшании чашм ҳастанд, осоиш, илмҳои фоиданок, амалҳои нек ва дигар хостаҳои маҳбуб ва мубоҳ. Ва ҳам некии охиратро, аз ҷумла, наҷот ёфтан аз азоби қабр, аз сахтии ҳисоб ва оташи дӯзах, ба даст овардани розигии Аллоҳ ва ба даст овардани саодатмандӣ ва ҷовидонӣ дар биҳишт ва наздик шудан ба Парвардигори меҳрубон аст.

فوائد الحديث

Дар пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дуоҳои ҷомеъ ва фарогир дуо кардан мустаҳаб аст.

Барои инсон беҳтар аст, ки дар дуояш хайри дунё ва охиратро ҷамъ кунад.

التصنيفات

Дуоҳои маъсур (ривоятшуда)