Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ва аз бахилӣ бипарҳезед, зеро бахилӣ мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок сохт,

Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ва аз бахилӣ бипарҳезед, зеро бахилӣ мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок сохт,

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ва аз бахилӣ бипарҳезед, зеро бахилӣ мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок сохт, водорашон намуд, то хунҳояшонро бирезанд ва ҳаромҳояшонро ҳалол шуморанд."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз зулм ҳушдор додааст, аз ҷумла зулм ба мардум, зулм ба худ ва зулм ба Аллоҳ Таъоло. Ва он тарки додани ҳаққи ҳар соҳибҳақ аст. Зулм дар рӯзи қиёмат барои соҳибаш торикиҳо аст ва сабаби душвориҳо ва ваҳшати рӯзи қиёмат аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз бахилӣ наҳйи карданд, ки он бахилии шадид, бо ҳирс ва тамаъ аст. Ва аз ҷумлаи он, кутоҳӣ дар адои ҳуқуқи молӣ ва ҳирси шадид бар дунё аст. Ва ин навъ аз зулм, умматҳоеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок кард, чунон ки онҳоро маҷбур сохт якдигарро бикушанд ва он чиро Аллоҳ ҳаром карда буд, ҳалол бишморанд.

فوائد الحديث

Сарфи мол ва тасаллӣ додану кумак кардан ба дӯстон, яке аз сабабҳои муҳаббат ва муошират аст.

Бахилӣ ва тамаъ сабаби гуноҳон ва бадахлоқию фаҳшо мегардад.

Аз аҳволи умматони пешин ибрат гирифтан.

التصنيفات

Фазоил ва одоб, Ахлоқи нописанд